Аҳолии Русия бори аввал дар 15 сол беш аз 0,5 миллион кам шуд


Аҳолии Русия нахустин бор дар 15 соли охир беш аз 500 ҳазор нафар кам шуд. Дар ин бора кумитаи омори (статистика) Русия хабар дод.
Шумори аҳолии Русия дар оғози соли ҷорӣ ба 146 миллиону 238 ҳазору 185 нафар расид.
Дар аввали соли гузашта шумори аҳолии ин кишвар 146 миллиону 748 ҳазору 643 нафар, дар аввали соли 2019 – 146 миллиону 780,7 ҳазор нафар, дар оғози соли 2018 – 146 миллиону 880,4 ҳазор нафар ва дар аввали соли 2017 – 146 миллиону 804,4 ҳазор нафар буд.
Бо ин ҳол, дар як сол аҳолии Русия 510,5 ҳазор нафар коҳиш ёфт. Бори охир чунин камшавии аҳолии ин кишвар соли 2005 мушоҳида шуда буд.
Солҳои 2019 ва 2018 аҳолии Русия тақрибан 100 ҳазор нафарӣ коҳиш ёфт. Пеш аз он, сар аз соли 2018 аҳолии кишвар ҳамасола зиёд мешуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ