4 нафар қурбони сӯхтор дар бемористони мубталоёни коронавирус дар Бухарест шуд


Дар натиҷаи рух додани сӯхтор дар бемористони Пажӯҳишгоҳи миллии бемориҳои сирояткунанда 4 нафар кушта шуданд. Дар ин бора «МИР 24» хабар дод.
Дар бемористон тақрибан 100 нафар табобат мегирифтанд. Вақти сӯхтор ҳамаи онҳо ба дигар бемористонҳо ҷойгир шуданд. Оташнишонон сӯхторро хомӯш карданд.
Влад Войкулеску, вазири тандурустии Руминия ба ҷойи ҳодиса омад. Ҳанӯз сабаби сӯхтор маълум нест.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ