Фарҳанг

Зикри шуарои тошкандӣ дар “Маҷолис-ун-нафоис”-и Навоӣ

Муаррихони муосир таърихи бунёди Тошкандро ба 2000-2200 сол пеш мувофиқ медонанд. Тошканд дар асрҳои V-VIII бо номҳои Чоч, Шош, Шошкен ва Бинкат зикр гардида, айни замон пойтахти давлати феодалии ба ҳамин ном буд. Чунончи, дар «Таърихи Табарӣ» оварда мешавад, дар аввали асри VIII Тош¬канд «Чос» хонда мешудааст. Бино бар маълумоти Абурайҳон Берунӣ ва Маҳмуди Қошғарӣ аз асри XI сар карда номи Тошкандро гирифт. Чоч аз қадим яке аз марказҳои ривоҷёфтаи замони худ буд. Аз ҷиҳати иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву маданӣ хеле ву¬съат дошт. Пайдоиши муҳити адабии Чочро ба асри XIII нисбат додаанд. Вале муҳити илмиву фарҳангии он ҳанӯз аз асрҳои VIII-IX ташаккул ёфта буд. Зеро дар Чоч муҳаддисони зиёде бо илми ҳадис фаъолият доштанд. Чуноне ки дар китоби «Энсиклопедияи миллии Ӯзбекистон» оварда мешавад, Шош аз охирҳои асри Х то ибтидои асри XIII дар ҳайъати давлати Қарахо¬ниён ва Қаракидониён буд. Ибтидои асри XIII Тош¬кандро шоҳи Хоразм Муҳаммади Хоразмшоҳ забт кард ва бо амри ӯ соли 1214 шаҳр хароб ва сокинонаш муҳоҷир шуданд. Соли 1220 вилояти Шош ба тасарру¬фи муғулҳо гузашт. Дар асри XIV бошад, онро Темур ба давлати худ ҳамроҳ карда, ба яке аз калонтарин қалъаҳо табдил дод. Маҳз дар асрҳои XIV-XVI муҳи¬ти адабии Тошканд нуфузи хоса пайдо намуд. Зеро дар ин давра як қатор шоирони тавонманд ба мисли Бадри Чочӣ, Лутфии Шошӣ (1366-1465), Мавлоно Улои Шошӣ, Орифии Фаркатӣ, Мавлоно Фаркатӣ, Дарвешбек ибн Мирзо Алӣ, Дайрин Тошкандӣ (асри XVI), Собири Тошкандӣ (ваф. 1597) Сомании Тошкан¬дӣ (охирҳои асри XVI ва аввалҳои асри XVII), Садрии Тошкандӣ (охирҳои асри XVI ва аввалҳои асри XVII), Содиқии Тошкандӣ (чоряки охири асри XVI ва чоря¬ки аввали асри XVII) ва ғайраҳо ба майдон омаданд. Дар тазкираи устоди Донишгоҳи давлатии Са¬марқанд профессор Садрӣ Саъдиев дар бораи чанд нафар шоирони асримиёнагии тошкандӣ маълумот оварда шудааст, аммо дар дигар тазкираи нисбатан қадимтар, ки ба қалами Алишер Навоӣ мансуб аст, аз чанд нафар шоир ном бурда мешавад. Зикри Лутфии Шошӣ, Мавлоно Улои Шошӣ, Орифии Фаркатӣ, Дар¬вешбек ибн Мирзо Алӣ дар «Маҷолис-ун-нафоис»-и Алишер Навоӣ омада аст. Навоӣ тазкираи «Маҷолис-ун-нафоис»-ро соли 1491-92 навишта солҳои 1497-98 дубора ба он иловаҳо ворид намудааст. Дар тазкира шарҳи аҳволу ашъори 458 нафар шоири асри XV ва ибтидои асри XVI зикр шудаанд. Дар тазкира зикри чанд нафар шоирони тошкандӣ низ ҷой гирифтааст. Навоӣ дар бораи онҳо мухтасар сухан карда, аз намунаи эҷоди онҳо танҳо як-ду байт намуна меорад. Аз мавлуду фавти онҳо ё аз мероси адабиву миқдори ашъори онҳо маълумоте намедиҳад. Лутфии Шошӣ (1366-1465). Ҷойи таваллуд ва вафо¬ти Лутфӣ ҳанӯз муайян нагардидааст. Бархе маъхазҳо ӯро аз Ҳирот хонанд, бархе дигар аз аҳли Тошканд медонанд. Масалан, Алишер Навоӣ дар «Маҷолис-ун-нафоис» зодгоҳ ва ҷойи вафоти ӯро Деҳиканори тобеи шаҳри Ҳирот зикр намудааст. Аммо шабакаи интернетии Shosh.uz бо такя ба истинодҳо аз «Фунун-ул-балоға»-и Шайх Аҳмад Тарозӣ, ки ба Мирзо Улуғбек бахшида шуда буд, Лутфиро бо нисбати Шошӣ зикр намудааст. Ин манбаъ дар оғоз қайд мекунад, ки то кашфи «Фунун-ул-балоға» аҳли илму адаб дар ин фикр будаанд, ки Лутфӣ аз аҳли Ҳир аст, аммо муво¬фиқи маълумоти Шайх Аҳмади Тарозӣ ин гумон ҳам ба миён меояд, ки Лутфӣ аслан тошкандӣ буда, дар муҳити адабии Ҳирот ба камол расидааст. Албатта, маълумоти Навоӣ саҳеҳтар менамояд. Зеро Лутфӣ аз ҳамзамонони ӯ буд ва ҳатто Навоӣ бо ӯ вохӯрӣ ҳам кардааст. Дар бораи чунин шоире, ки худ ба дидораш мушарраф шудааст, маълумоти нодуруст доданаш мумкин нест. Аммо нисбати «Шошӣ» доштани Лут¬фиро ба инобат гирифта, тахмини тошкандинласл будани ӯро ҳам рад карда наметавонем. Шояд аслан тошкандиюасл буда, дар Ҳирот ба камол расидааст, мисли ин ки Сайидо низ насафӣ буд, аммо дар Бухоро зода ва ба камол расидааст. Мувофиқи баёни Навоӣ Лутфии Шошӣ шоир ва мутафаккири хуб будааст. Дар баёни маҳорати эҷодии ӯ чунин менависад: «Ул замонининг маликулкаломи эрди. Форсий ва туркийда назири йӯқ эрди… Фор¬сийда қасидагӯй устодларидин кӯпининг мушкул шеърлариға жавоб айтибдур ва яхши айтибдур».Лутфии Шошӣ қисми асосии умрашро бо таҳсили илм ва эҷоди бадеӣ гузаронда, дар охири ҳаёташ дар радифи офтоб шеъре менависад, ки бисёре аз шоирон ба он татаббӯъ бастаанд: Эй зулфи шабмисолат сояпарвар офтоб, Шоми зулфатро ба ҷон моҳ дар бар офтоб. Бино ба гуфтаи Навоӣ ҳеҷ як татаббӯи ҳамзамонони шоир дар фасоҳату зебоӣ ба пояи матлаи шеъри шоир нарасидаанд. Лутфӣ дар охири умраш матлаи зеринро аз ғазал оғоз намуда, аз Шаҳобиддин Хиёбонӣ дархоста будааст, ки онро ба охир расонида, ба девонаш дохил намояд: Гар кори дили ошиқ бо кофари Чин афтад, Беҳ з-он ки ба бадхӯӣ бемеҳрӣ ч унин афтад. Мувофиқи маълумоти тазкира Лутфӣ аз аҳли та¬саввуф дар силки муридони Шаҳобиддин Хиёбонӣ бу¬дааст ва худи муаллиф низ аз файзи дуоҳои ӯ баҳравар гаштааст. Мавлоно Улои Шошӣ. Алишер Навоӣ дар бораи Мав¬лоно Улои Шошӣ чунин мегӯяд: «Каси донишманд буд. Мардум ӯро ба хуштабъӣ мусаллам медоштанд». Маълум мегардад, ки ӯ замоне дар Самарқанд зиста, байни фузалои Самарқанд бо муаммокушоияш шӯҳрат ёфтааст. Аз ин рӯ, ӯро бо Мавлоно Шарафиддин Яздӣ баробар медонистанд. Вохӯрии Навоӣ бо Мавлоно Улои Шошӣ ҳам дар Самарқанд иттифоқ афтода будааст. Навоӣ ба аёдати Улои Шошӣ, ки пояш шикаста буд, рафта, байти муаммоеро, ки аз он номи «Уло» ҳосил мешуд, мегузорад: Дур бод аз т у дарду раҳмати по, Душманатро бало насиб у ъано. Дар ҷавоби Навоӣ Уло, ки то ҳанӯз шоири бузургро нашинохта буд, ки будани меҳмони худро пурсуҷӯ мена¬мояд ва дарёфта, аз шогирдаш байти муаммое ба унвони «Навоӣ» аз паси ӯ мефиристад, ки ин аст: Чашми ту маро диду манаш нек надидам , Чун сер б убинам зи т у ин аст у медам. Чи тавре ки Навоӣ мегӯяд, Мавлоно Улои Шошӣ бо ҳамин дарди по аз олам гузаштааст. Қабраш ҳам дар Самарқанд будааст. Дар бораи мероси адабии ин шоир Навоӣ дигар маълумоте наовардааст, аммо аз он ҷо, ки худи Навоӣ ба аёдати ин шахсият рафтааст, маълум ме¬гардад, ки аз шоирони маъруфи замонаш будааст. Дарвешбек. Номи ин шоир дар тазкираи «Дарвешбек Мирзо Алӣ Эгу Темур» зикр гардидааст. Чуноне ки аз насабаш маълум аст, ӯ аз авлоди темуриён аст. Дар ин бора худи Навоӣ чунин мегӯяд: «Дар ҳасаб ва насаб…» Навоӣ дар ситоиши Дарвешбек табъи бағоят хуб дошт ва чун абнио ҷинсаш касе набуд гуфта, як байташро мисол меорад: Бубин ба қабри шаҳидат , ки куштаи ситамаст , К аз оташи дил у аз новаки т уаш аламаст . Аниқ нест, ки Дарвешбек дар Тошканд зода ва ба ка¬мол расида бошад. Аммо дар охири тазкира Навоӣ дар ис¬тилои Тошканд талаф гардидани Дарвешбекро бо ҳасрат баён менамояд. Инчунин, дар феҳристи номгӯи ҷойҳои ҷуғрофии тазкира номи ин шоир дар қатори шоирони тошкандӣ ҷой дода шудааст. Ба ин далел метавон ӯро шоири тошкандӣ ҳисобид. Ориф Фаркатӣ. Дар бораи ҷойи таваллуди ин шоир низ ихтилофҳо мавҷуд аст. Навоӣ Ориф Фаркатиро «аз ноҳияи Фаркати Самарқанд аст», мегӯяд, аммо олимон ба он ақидаанд, ки ноҳияи Фаркат дар таркиби Тошканд буд. Ин маълумот дар поварақи ҳамон саҳифа оварда шудааст. Навоӣ барои исботи иқтидори баланди шоирӣ дошта¬ни Фаркатӣ як байти зебои ӯро мисол меорад: Дар ҳолати такалл ум аз нозукӣ забонаш , Барги гулест гӯё дар ғун чаи даҳонаш . Ҳамин тариқ, дар тазкираи «Маҷолис-ун-нафоис»-и Алишер Навоӣ чанд тан аз шоирони тошкандӣ зикр гар¬дидаанд, ки ҳанӯз шарҳи ҳол ва осори онҳо ба пуррагӣ ва мукаммал омӯхта нашудааст. Таъин намудани зодгоҳи баъзе аз онҳо, хусусияти ашъори шоирони тошканди¬юласли дар тазкира зикршуда барои муайян намудани вазъи инкишофи муҳити адабии Тошканд дар асрҳои миёна, сайри таърихии ташаккули он, мавқеи ин муҳити адабӣ ва саҳми намояндагон дар рушди адабиёти форсӣ-тоҷикӣ молики аҳамият аст.Ҳасан СУЛАЙМОНӢ, донишҷӯйи факултети филологияи ДДС

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ