Фарҳанг

Тадбири фарҳангӣ Дӯстӣ сарҳад надорад


Таҳти шиори мазкур рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар ноҳияи Ургут бо меҳмонони тоҷикистонӣ тадбири фарҳангӣ баргузор гардид.
Гулдухтарони ургутӣ дар тан либосҳои миллӣ, дар даст байрақчаҳои мамлакатҳои бародар – Ӯзбекистону Тоҷикистон саф ороста, беш аз 150 нафар меҳмонони тоҷикистонӣ – сокинони шаҳри Панҷакентро зери садои карнаю сурнайҳо тантанавор пешвоз гирифтанд. Ҳокимони ноҳияи Ургут ва шаҳри Панҷакент якдигарро ба оғӯш гирифта самимона вохӯрдӣ карданд. Меҳмонон аз шириниҳои Ургут баҳравар шуда, сипас бо автобусҳо ба маркази ноҳия – Боғи маданияту истироҳатии ноҳия омада, аз зебоии он баҳравар шуданд. Дар тарабхонаи «Тоҷмаҳал» сари як пиёла чой сӯҳбат карда, ҷойҳои таърихии ноҳияро тамошо намуданд. Барои онҳо консерти санъаткорони вилоят пешкаш гардид.

  1. Ба туфайли сиёсати хирадмандони сарварони ду мамлакати ҳамсоя – Тоҷикистону Ӯзбекистон як солу чор моҳ қабл сарҳад кушода шуд. Имрӯз мо зиёда аз 150 нафар намояндагони шаҳри Панҷакент дар тадбирҳои фарҳангии ноҳияи Ургут иштирок хоҳем кард. Барои пешвози самимонаи самарқандиён ташаккури зиёд мегӯем. Чунин чорабиниҳо дӯстии ду халқро боз ҳам мустаҳкамтар менамояд. Орзу мекунам, ки дӯстиамон абадӣ бошад!, – гуфт меҳмони тоҷикистонӣ, сармуҳаррири рӯзномаи «Зарафшон» – шаҳри Панҷакент Луқмон Қурбон.
  2. Хуб шуд, ки роҳҳо кушода шуданд. Аз ин худамро хеле бахтиёр ҳис мекунам. Зеро падару бобоҳои мо аз ин роҳ гузаштаанд. Дину маданияти ҳар ду халқ ба якдигар наздик мебошад. Аз дӯстиву бародарӣ ҳар ду кишвар бурд мекунад. Моро бо рӯйи кушод пешвоз гирифтанд. Аз ин сарамон ба осмон расид. Ургутиёнро албатта ба меҳмонӣ даъват менамоем, – изҳори ақида намуд меҳмон аз шаҳри Панҷакент, депутат аз Ҳизби Экологияи Тоҷикистон Ашраф Ғафуров.
    Бояд таъкид намуд, ки дар пости боҷхонаи сарҳадии Ҷартеппаи ноҳияи Ургут, ки аз 1 – уми марти соли гузашта фаъолият оғоз намуда буд, барои аз сарҳад гузаштани мусофирон ва нақлиёти автомобилӣ шароитҳои хуб муҳайё аст. Аз пост ҳар шабонарӯз ба ҳисоби миёна 2100 – 2200 мусофир ва 140 150 адад нақлиёти автомобилӣ гузаронида мешавад. Як мусофир дар 7-8 дақиқа ва як мошин дар 15-20 дақиқа аз пункти боҷхона мегузарад.
  3. Хешовандонам аз шаҳри Ҷиззах ва ноҳияи Тайлоқ ба тӯю маъракаашон даъват мекунанд. Меоем. Онҳо ба хонаи ман равуо доранд, – гуфт мусофири 69 – сола аз қишлоқи Тошманори ноҳияи Панҷакент Хосият Иброҳимова. – Имрӯз ба хонаи хоҳарам, ба Тайлоқ рафта истодаам. Пештар аз пости боҷхонаи Бекободи вилояти Тошканд мегузаштам. Ҳуҷҷатҳои зиёд талаб карда мешуд. Ҳоло гузаштанамонро ҳамин қадар осон кардаанд, ки барои ин ба Президентҳои ҳар ду мамлакат садҳо ташаккурҳо мехонам. Вақтҳои пешина барои гузаштан аз боҷхона як шабонарӯз вақт сарф мешуд. Имрӯзҳо бошад, дар гузаштан ҳамагӣ 7 дақиқа вақт меравад. Илоҳо, дӯстиамон абадӣ бошад!.
    Ҷамшеди АСРОР.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ