Саломатӣ

Сабаби лакнатдории забон

Олимони Институти фанҳои мағзи сар ва конгнитиви ба номи Маск Планки Лейпсид ва кормандони илмии Маркази тиббии Донишгоҳи Геттинген сабабҳои асоси лакнат пайдо кардани забонро муайян карданд. Назар ба маълумоти олимон фаъолияти синхронӣ на¬доштани баъзе ретсепторҳои нимкураҳои мағзи сар барои пайдоиши нуқсон дар нутқ мешаванд. Дар одамоне, ки бо нуқсони нутқӣ тавлид шудаанд, яке аз нимкураҳои мағси сар нисбати дигараш фаъолтар кор мекунад ва ин ташаккули нутқро душвор намуда, боиси пай¬доиши лакнат дар забон мешавад. Натиҷаи омӯзиши сохтор ва фаъолии мағзи сари одамони забонашон лакнатдор нишон дод, ки таркиби торҳои асаби нимкураи рости мағзи сари онҳо аз нимкураи чап тафовути ҷиддӣ дорад
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ