Саломатӣ

Хомӯшак чаро баъзеҳоро намегазад?


Дар ҳавои гармо хомӯшакҳо зиёд шуда, бештар хуни ин¬сонҳоро мемаканд. Тааҷҷубовар аст, ки онҳо чаро дар як хона якеро зиёд мегазанд ва ба дигаре умуман наздик намешавад.
Вақте мо ҳаворо нафас мекашем, гази карбон хориҷ ме¬шавад. Дар ин муддат онҳо бӯйи инсон ва ҳайвонотро аз нафасашон зуд фаҳмида, ҷойи онҳоро муайян мекунанд.
Одамони азимҷусса гази карбонро зиёд хориҷ мекунанд. Аз ин рӯ, онҳо бештар зери ҳуҷуми хомӯшакҳо мемонанд.
Инчунин, пӯсти одамон бо тамъу бӯй аз якдигар фарқ мекунанд. Олимон исбот кардаанд, ки хомӯшакҳо бештар бо гурӯҳи хуни муайян ё нафаре, ки муддатҳои тӯлонӣ нӯ¬шокиҳои спиртиро истифода накардааст, наздик мешаванд. Онҳо ҷойҳои сернамро барои зиндагӣ интихоб мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ