Маориф

БА ПЕШВОЗИ 28 УМИН СОЛГАРДИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ Рустам ХОЛМУРОДОВ: Мадрасаи Улуғбек- аввалин донишгоҳи бонуфузи Самарқанд

Донишгоҳи давлатии Самарқанд (ДДС) на танҳо дар байни мактабҳои олии кишвар, балки миёни боргоҳҳои таълими олии хориҷӣ низ нуфузу эъ¬тибори хосса дорад. Далели фикри мо он аст, ки имрӯз ҳамкории донишгоҳ бо муассисаҳои таълими олии ҷаҳон густариш ёфта, сол то сол теъдоди довталабоне, ки дар ин донишгоҳ таҳсил гирифтанро мехоҳанд, меаф¬зояд. Дар мисоли қабули довталабон гирем, имсол ДДС аз рӯйи қабули ари¬заи абитуриентҳо дар кишварамон ҷойи аввалро гирифт.
Мусоҳибаи мо бо ректори дониш¬гоҳ, доктори фанҳои техникӣ, профессор Рустам ХОЛМУРОДОВ дар арафаи тайёрӣ ва ҷашн гирифтани 28-умин солгарди Ис¬тиқлолияти ватанамон оиди ислоҳотҳои сохтори таълим дар солҳои истиқлол, бурду бохти соҳа ва вазифаҳои минбаъда сурат гирифт.– Бо мақсади васеъ таҷ¬лил намудани 28-умин сол¬гарди истиқлолияти дав-латии кишвар, ки манбаи асосии тамоми комёбиҳои мо дар роҳи бунёди ҳаёти озод, рушди ҳамаҷонибаи мамлакат аст, барномаи чорабиниҳои махсусро таҳия намудем, – гуфт Ру¬стам Иброҳимович. – Таҳти шиори «Ҷовидон шукуфон бош, Ӯзбекистони азизи ман!» иҷрои корҳои маъна-вию маърифатӣ ва иттило¬отиву фаҳмондадиҳиро дар асоси Стратегияи ҳаракатҳо доир ба панҷ самти устуво¬ри рушди Ҷумҳурияти Ӯз¬бекистон дар солҳои 2017- 2021 ва Барномаи давлатии «Соли инвеститсияҳои фаъ-ол ва ривоҷёбии иҷтимоӣ» ба нақша гирифтем ва ҳоло кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки чорабиниҳоро амалӣ намоем. Аллакай дар ҳар як факултаи донишгоҳ бо иштироки устодон ва гурӯҳи шогирдон, ки таҷриба¬омӯзӣ мекунанд, вохӯриҳои фарҳангӣ, шабнишиниҳои бадеиву адабӣ ва дигар чо¬рабиниҳоро ташкил ва дар онҳо иштироки академикҳо, собиқадорони таълими халқӣ, адибон, шоирон, му¬саввирон, санъаткорон ва дигар намояндагони зиёиро таъмин мекунем.
Алалхусус, бо донишҷӯё¬ни факултаи таълими му¬сиқӣ барои гузаронидани озмуни «Ту ягона ва муқад¬дасӣ Ватан!», ки истиқлоли¬яти кишвари моро васф ме¬кунад, барномаҳои махсус омода карда мешавад.– Мӯҳтарам, Рустам Иброҳимович, ДДС бо ка¬дом муассисаҳои таълими олии хориҷӣ ҳамкорӣ дорад?
– Соли 2017 Сарвари давлатамон ҳангоми са¬фар ба кишвари Хитой гуфта буданд, ки аллома Конфутсий яке аз асосгузорони донишгоҳҳо дар дунёи қадим аст. Ин мутафаккир барои инкишофи маданияти маънавӣ, ҳаёти сиёсӣ, илму фарҳанг ва сохти ҷамъияти Хитой таъсири калон расондааст, ки ӯро ҳамчун «муаллими 10 ҳазор насл» эътироф менамоянд. Бинобар ин, бо ташаббуси Президен¬тамон маҳз дар шафати донишгоҳи мо Хиёбони Конфутсий бунёд гардид, ки сохтмони он идома меёбад.
Инчунин, дар шафати Хиёбони Конфутсий таш¬кил кардани «Маркази таълими байналхалқӣ» ба нақша гирифта шудааст. Имрӯзҳо ДДС бо макта¬бҳои олии пешқадаму бонуфузи дунё, аз он ҷумла, университети Сукуби, Нагоя (Япония), Сеул, Донгук (Кореяи Ҷанубӣ), Ҷавоҳирлал Неру (Ҳиндустон), Сорбонна (Франсия), Гранада (Испания) ва бор¬гоҳҳои таълими олии беш аз 30 кишвари дигар робитаи ҳамкориро ба роҳ мондааст. Дар оянда донишҷӯёни Самарқанд метавонанд ба хориҷа раф-та, таҳсили илм намоянд ва баробари ин, хориҷиён дар донишгоҳи мо соҳиби маълумоти олӣ гарданд.
– Шодравон академик Ботурхон Валихоҷаев ҳар гоҳ дар сӯҳбату вохӯриҳои фарҳангӣ бо фахр мегуфтанд, ки Донишгоҳи давлатии Самарқанд таърихи 600-сола дорад ва ба он олими машҳури Шарқ Мирзо Улуғбек асос гузоштааст…
– Ҳақ асту рост. Бинобар ин, мо ба номи сарва¬зири кишвар мактуби расмӣ ирсол намуда, таклиф кардем, ки 21-уми сентябри соли 2020 дар ДДС 600-солагии таъсиси донишгоҳ таҷлил гардад. Зеро маҳз 21-уми сентябри соли 1420 набераи дӯстдо¬штаи соҳибқирон Амир Темур, арбоби давлатӣ ва инсони маърифатпарвар Мирзо Улуғбек дар майдони Регистон мадраса сохт ва нахустин дарси худро гузашта буд. Дар ҳамин мадраса олиму мута¬факкирони зиёд ба камол расиданд, ки донишман¬дони барҷастаи давр Муҳаммадӣ Хофӣ, Қозизодаи Румӣ, Ғиёсуддини Қошӣ, Алӣ Қушчӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишер Навоӣ, Мавлоно Нафиси Самарқан¬дӣ ва дигарон аз ин ҷумлаанд.Агар мадрасаи Улуғбек аз аввалин боргоҳҳои бонуфузи илмии Самарқанд бошад, соли 1927 дар ин шаҳри қадимӣ донишгоҳи нав ташкил шуд, ки бидуни шубҳа ва муболиға давомдиҳандаи фаъолияти мактаби Мирзо Улуғбек аст. Қобили зикр аст, ки тӯли ин солҳо дар ДДС бисёр арбобо¬ни давлат, академикҳо, адибу шоирони маъруф мисли Иброҳим Мӯъминов, Султон Умаров, Яҳё Ғуломов, Алоуддин Баҳовуддинов, Воҳид Абдулло, Акбар Аҳтамов, Шавкат Воҳидов, Ҳамид Олимҷон, Шароф Рашидов, Ҳабиб Юсуфӣ ва дигарон таҳсил гирифтаанд.
Ҳоло дар донишгоҳ қариб бист факулта фаъолият дошта, беш аз 13 ҳазор донишҷӯй бо илмомӯзӣ машғуланд. Ба онҳо 80 нафар доктор ва 300 нафар номзади фанҳо, ҳамагӣ 800 нафар профессор-устодон илм меомӯзанд. Дар соли хониши нав қариб 5 ҳазор нафар писаракону духтаракон ба бахти гирифтани номи донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Самарқанд мушарраф мегарданд. – Тӯли солҳо дар сохтори таълим кор бурдаед. Ҳамчун корманди собиқадори ин соҳа ислоҳотҳо¬еро, ки дар соҳаи таълими олии кишвар амалӣ мегарданд, чӣ гуна баҳо медиҳед?
– Солҳои охир бобати бозсозии низоми таълими олӣ ва миёнаи махсус, рушди илм, ҷорӣ намуда¬ни шаклҳои замонавӣ ва технологияҳои таълим корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд. Дар давраи сипаришуда бо назардошти талаботи сектори воқе¬ии иқтисодиёт ва соҳаҳои иҷтимоӣ дар сохтори таълими олӣ як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрӣ қабул гардиданд, ки ҳама ба беҳсозии сифати таълим нигаронида шудаанд. Чанде пеш бо мақсади ба роҳ мондани тайёркунии мутахассисони баландихтисос аз тариқи куллан такмил додани низоми таълими олӣ ва миёнаи махсуси касбӣ, минбаъд боло бар¬доштани самаранокии идораи давлатӣ дар соҳа Фармони Президенти мамлакатамон «Дар бораи чораҳо оид ба ислоҳсозии идораи соҳаи таълими олӣ ва миёнаи махсус» қабул гардид, ки корҳои амалишавандаи ин соҳаро ба зинаи нав хоҳад ба¬ровард. Мувофиқи фармон Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурияти Ӯзбекистон минбаъд мақомоти ваколатдори давлатӣ бобати татбиқ сохтани сиёсати ягона дар соҳаи таълими олӣ ва миёнаи махсуси касбӣ ба шумор меравад. Инчунин, ба мақсади ҷалби васеи шаҳрвандони хориҷа барои таҳсил дар муассисаҳои таълими олӣ ва касбии ҷумҳурӣ дар боргоҳҳои таълими олӣ самтҳои махсуси таълими бакалавриат, ихтисосҳои магистратура, касбҳо ва ихтисосҳо кушода меша¬ванд ва забони таълиму шумораи донишҷӯёнро, ки барои ташаккул додани гурӯҳҳои академӣ за¬руранд, мушаххас менамоянд. Ғайр аз ин, аз 1-уми августи соли ҷорӣ ба музди меҳнати кормандони дастгоҳи марказии вазорат аз ҳисоби Буҷаи дав¬латии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ба кормандоне, ки дараҷаи илмии номзади илм ё худ доктори фал¬сафа (PhD) ё худ дараҷаҳои дигари илмии ба онҳо баробари давлатҳои хориҷиро доранд, дар ҳаҷми 30 фоиз, ба дорандагони дараҷаи илмии доктори илм ё доктори илм (DSc) ё худ дараҷаҳои илмии ба онҳо баробари давлатҳои хориҷӣ дар ҳаҷми 35 фоиз иловапулиҳои ҳармоҳа дода мешавад.
– Инак, дар донишгоҳ айёми имтиҳонгирӣ оғоз ёфт. Корҳои омодагӣ ба ин маъракаи муҳим ҷид¬дӣ ва пурмасъул чӣ тавр сурат мегирад?
– Воқеан, санҷишҳои эҷодӣ бо тайёрии пухта ҷараён гирифт. Масалан, дар варзишгоҳи «Дина¬мо»-и Самарқанд довталабони факултаи маданияти ҷисмонӣ имтиҳон месупоранд. Бояд таъкид намуд, ки дар факултаи мазкур барои якто ҷой 40 нафар талош меварзанд. Агар дигар хел гӯем, 4793 нафар ариза афтода, ҳамагӣ 130 нафар қабул хоҳанд шуд. Аллакай 57 нафар чемпионҳои ҷаҳон, Осиё ва Ӯз¬бекистон аз рӯйи намудҳои гуногуни варзиш бо тавсиянома, яъне сертификати Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар асоси гранти давлатӣ қабул шуданд. Дар факултаҳои санъати тасвирӣ ва таъ¬лими мусиқӣ низ санҷиш идома меёбад.
Барои шаффофу ошкоро гузаштани имтиҳон камераҳо ва барои ҷараёнро бевосита тамошо кардани волидон мониторҳо гузошта шудааст. Назо¬рати имтиҳонсупорӣ ба зиммаи ходимони шӯъбаи вилоятии маркази тести давлатӣ ва аъзоёни ко¬миссияи махсус гузошта шудааст.
Дар дигар факултаҳо имтиҳони қабул аз 29-уми июл то 16-уми август идома меёбад. Барои дар куҷо, кай ва чӣ хел гузаштани санҷиши тестӣ ва тавассу¬ти веб-сайти махсуси донишгоҳи мо тавассути ша¬бакаҳои интернет маълумот гирифтан мумкин аст.– Рустам Иброҳимович, шумо ҳамчун устод, инсони фарҳангдӯст ва хирадпеша барои илмомӯ¬зони ҷавон чӣ нияту таманно доред?
– Мафҳуми калимаи «дониш» бисёр аст, ки аслан маънои маърифат, илм, фарҳанг, фаҳм, идрокро дорад. Камина доим ин байти машҳури Абулқосим Фирдавсиро такрор мекунам:
Тавоно бувад ҳар кӣ доно б увад,
Зи дониш дили пир барно б увад.
Охир дониш маҳсули фаъолияти маърифатии инсон, омили асосии пешбурди давлату ҷамъият аст.
Ва мақсади асосии ман – соҳиби илму дониши ҳақиқӣ шудани фарзанду набераҳоямон мебошад. Агар дипломи Донишгоҳи давлатии Самарқан-дро дар хориҷа эътироф намоянд, шогирди мо бо амалҳои шоёни худ шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кунанд, ин пеш аз ҳама комёбии донишгоҳ аст.
Мехоҳам, тамоми мардуми Ӯзбекистонро бо иди аз ҳама бузург ва муқаддас – 28-умин солгарди истиқлолияти кишвари маҳбуб табрик намоям. Бигзор осмони диёрамон мусаффо, дастархона¬мон пурфайз ва рӯзгорамон ободу осуда бошад ва насли ҷавон хушбахту хуштолеъ ва аз ҳама муҳим парчамбардори кишвари азиз гарданд!
Сӯҳбаторо Зоҳир ҲАСАНЗОДА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ