Коронавирус: вазъият дар ҷаҳон тағйир меёбад


Шабонарӯзи охир шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сирояти коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 700 ҳазор афзоиш ёфта, аз 130,20 миллион гузашт, хабар медиҳад Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).
Ба ҳолати соати 10:00 (ба вақти Тошканд)-и 2 апрел, ба СУТ дар бораи 130 206 641 сироятшуда ва 2 840 729 фавт маълумот расидааст. Шумораи гирифторони ин беморӣ шабонарӯзи охир 700 678 нафар ва фавтидагон 11 688 нафар афзудааст.

Шумораи зиёди ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят дар ИМА ба қайд гирифта шудаанд — 31 244 639. Баъд аз он Бразилия (12 842 717), Ҳиндустон (12 303 131), Франсия (4 695 082), Россия (4 554 264), Британияи Кабир (4 350 266), Италия (3 607 083), Туркия (3 357 988), Испания (3 291 394), Германия (2 854 137), Колумбия (2 417 826) ва Аргентина (2 363 251) қарор доранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ