Муҳаммад Ҷавод Зариф ба Ӯзбекистон омад


Муҳаммад Ҷавод Зариф – вазири корҳои хориҷии Эрон шаби гузашта ба Ӯзбекистон ташриф овард. Дар ин бора канали телеграмии @Tashkent_SkyNews хабар додааст.
Бино ба хабари вазорати хориҷии Ӯзбекистон, дар чорчӯби ин ташриф вазъияти имрӯза ва ояндаи ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷорӣ, сармоягузорӣ, ҳамлу нақлӣ ва ғайра баррасӣ мегардад.
Ҳамчунин, тарафҳо дар бораи масъалаҳои муҳимми минтақаӣ ва байналмилалӣ табодули афкор хоҳанд кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ