Асосӣ

Бонувони корчалони Самарқанд муайян гардиданд

Зинаи вилоятии озмун-азназаргузаронии “Зани корчаллон”, ки аз ҷониби кумитаи иҷроияи Шӯрои сиёсии ҲЛДӮЗ ба тарзи анъанавӣ гузаронида мешавад, баргузор гардид.Дар озмун қариб 40 нафар занону духтарони фаъол, корчаллон, тадбиркор, фермер, ки дар зинаҳои ҳудудӣ ғолиб гардидаанд, иштирок доштанд.Дар тадбир намоиши маҳсулоти аз ҷониби иштирокдорон истеҳсолгардида ташкил карда шуд. Диққати иштирокдоронро фотоалбомҳои дар он ороиши зебои мӯйҳо инъикосёфта, зебу зеварҳои бенуқсони бо меҳнати дастӣ сохташуда, инчунин, маҳсулоти нонии тадбиркори нурободӣ Наргиза Бӯтаева ба худ ҷалб намуд. -Бо фаъолияти тадбиркорӣ 15 сол боз машғул мебошам, – гуфт Н. Бӯтаева. – Аз ҷавонӣ ба сохтани зебу зеварҳои гуногун шавқ доштам. Нахуст ба толори зебоӣ ва либосҳои келинҳоро кушода, корро сар кардам. Соли ҷорӣ 80 миллион сӯмина кредити имтиёзнок гирифтем ва бо ҳамсарам қарор намудем, ки фаъолиятамонро ба воситаи истеҳсоли мебел, маҳсулоти нон васеъ намоем. Дар оянда мақсад намудаам, ки маркази тадбиркорӣ кушоям.Мувофиқи натиҷаҳои озмун, роҳбари корхонаи оилавии дӯзандагии ноҳияи Иштихон Гуллола Равшанова ва директори маркази хонишии “Бибихонум”-и шаҳри Самарқанд Дулфуза Ғаффорова ҷойи 3-юм, тадбиркори хусусии ноҳияи Нуробод Наргиза Бӯтаева ва роҳбари корхонаи оилавии “Хуршида ширинликлари”-и шаҳри Самарқанд Хуршида Ҳақбердиева ҷойи дуюм, роҳбари корхонаи “Эъзоза ЭКО-НУР” Орзигул Бӯриева ва роҳбари корхонаи хусусии “Зулхумор” Зулхумор Зоҳидова ҷойи 1-умро ба даст оварданд. Ғолибон дар зинаи ҷумҳуриявии озмун иштирок мекунанд.

Бахтигул ҚАРШИЕВА,котиби матбуоти Шӯрои вилояти ҲЛДӮЗ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ