Саломатӣ

Дар Ӯзбекистон бо ҳамкории Белорус корхонаи муштараки дорусозӣ ташкил мешавад

Ӯзбекистон ва Белорус дар бораи ташкили корхонаи муштараки дорусозӣ тавофуқ карданд. Ин корхона дар Ӯзбекистон таъсис меёбад ва аз соли 2020 маҳсулоти худро ба бозорҳо мерасонад. Ин корхонаи муштарак дар оянда ба хориҷа, ба хусус, ба Афғонистон низ дору экспорт мекунад.Ширкати “Белфармпром”-и Белорус, Ожонси рушди дорусозии вазорати тандурустии Ӯзбекистон ва ширкати “Fagusal”-и Ӯзбекистон дар Минск қарордоди ҳамкориро имзо карданд. Бар асоси ин қарордод, корхонаҳои муштараки истеҳсоли дору ва капсулаҳо ташкил мегарданд.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ