Асосӣ

Дар ду ноҳия ҳокими нав таъин гардид

Дирӯз сессияҳои ғайринавбатии Шӯрои намояндагони халқи ноҳи-
яҳои Ҷомбой ва Самарқанд баргузор гардид.
Намояндагони ҳокимияти вилоят, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо
ва депутатҳои шӯрои намояндагони халқи вилоят иштирокдорони
тадбир буданд.
Дар сессияҳо, ки масъалаҳои ташкилӣ муҳокима гардид, ҳокими
вилоят Э.Турдимов иштирок ва сухан кард.
Таъкид гардид, ки дар вазифаи роҳбарӣ кор кардан шараф ва ма-
съулияти ба худ хос дошта, дар дили мардум ҷой гирифтан, ба боварии
онҳо сазовор шудан, байни аҳолӣ гашта, дарди онҳоро шунидан ва
бо сокинони ҳудуд ҳамнафас гардидан, сидқидилона меҳнат кардан
вазифаи муҳими роҳбарон аст.
Дар сессия масъалаҳои ташкилӣ баррасӣ гардид.
Тўйчиев Ҳамза Ҳакимович, ки то ҳол сардори Садорати ғазначигӣ
дар вилояти Самарқанд буд, чун иҷрокунандаи вазифаи ҳокими ноҳияи
Ҷомбой тасдиқ гардид шуд.
Мавлонов Носир Мамарасулович, ки то ҳол дар вазифаи ҷонишини
аввали Садорати андози давлатии вилоят фаъолият мебурд, иҷроку-
нандаи вазифаи ҳокими ноҳияи Самарқанд таъин шуд.
ķ Хизмати матбуоти ҳокимияти вилоят.

Хизмати матбуоти ҳокимияти вилоят.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ