Фарҳанг

Адиби маҳбуби халқ



Нависандаи Халқии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил аз ҷумлаи он адибонест, ки дар солҳои сиюми садаи ХХ ба майдони адабиёт қадам ниҳода, мисли Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Фотеҳ Ниёзӣ дар инкишофи насри тоҷик роли муҳим бозидааст. Ин пири хирадманди сухан аз адабиёти қадиму ҷадиди халқ ба хубӣ огоҳ ва тарзи баёну забони асарҳояш мардумӣ буд.
Адиби зиндаёд Раҳим Ҷалил зо¬даи шаҳри Хуҷанди бостонию бӯстонӣ мебошад. Ӯ 3-юми июни соли 1909 дар ин куҳаншаҳр дар оилаи кафшдӯз ба дунё меояд. Падараш бо вуҷуди бесаводӣ ба адабиёт завқу шавқи беандоза дошт ва дар дили нависандаи оянда чароғи меҳри адабиёти бадеиро якумра фурӯзон карда буд. Раҳими соҳибзавқ баъди хатми мактаби кӯҳна дар аввалин мактаби усули нави Хуҷанд таҳсил мегирад, курси муаллимтайёркуни¬ро ба охир расонида, як-ду сол ба касби омӯзгорӣ мепардозад. Меҳри сухан ӯро ба идораи рӯзномаи «Про¬летари Хуҷанд» меоварад ва минбаъд бо эҷоди бадеӣ ҷиддан машғул ме¬гардад.
Раҳим Ҷалил эҷодиёти худро аз очеркнависию шеъргӯйӣ оғоз наму¬дааст, Якумин маҷмӯаи ашъораш бо номи «Мавҷҳои музаффарият» дар соли 1933 дастраси хонандагон ме¬гардад ва минбаъд шодию ғамҳои халқашро дар ҳикояву қиссаҳояш бо самимияту садоқатмандӣ тасвир ме¬намояд. Ин буд, ки аввалин ҳикояву қиссаҳои дилчаспаш «Ғалатӣ», «Ҳис¬са ва қисса»-ро навад сол муқаддам хонандагон хуш пазируфта буданд. Барои тақвияти ин муддао ёдрас намудани ин қазия басанда аст, ки баъди нашри романи дуҷилдаи «Ода¬мони ҷовид» бисёр касон бо ҳавас номи фарзандонашонро Пӯлоду Гулрӯ гузоштаанд.
Романи дигари нависанда «Шӯроб» дар мавзӯи нави он солҳо таълиф шуда, хонандагонро бо ҳа¬ёти ангиштканони тоҷик ошно ме¬намояд. Адиб баробари дар бобҳои аввали роман зиндагии хушбахтона ва меҳнати самараноки ангиштка¬нонро дар кони Шӯроб ва деҳоти Исфара боварибахш ба қалам овар¬дан, инчунин ҳаёти пешазинқилобӣ, нафрату адовати мардумро нисбати зулму тааддӣ, бедоршавии шуур ва ба муборизи фаъоли озодӣ мубаддал гардидани онро барҷастаю дилчасп тасвир кардааст. Аз ин рӯ, барҳақ ин асари калонҳаҷми ӯ сазовори ҷои¬заи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шуда буд.
Ҳикоянависӣ аз бахшҳои асосии эҷодиёти адиб мебошад. Аз маҷмӯаи «Орзу» (1936) то поёни умр адиб чан¬дин маҷмӯаҳои ҳикояҳоро манзури хонандагон гардонидааст. Эътироф намудан аз рӯйи адолат аст, ки дар ин жанри хурди эпикӣ ҳеҷ як суханва¬ри садаи ХХ тоҷик ба андозаи Раҳим Ҷалил ҳикоя эҷод накардааст. Аз ин боис, ҳақ ба ҷониби адабиётшиноси закӣ Худоӣ Шарифов аст, ки чунин мешуморад: «Агар ҳамаи ҳикояҳои ин нависандаро ҷамъ оварем, китоби калонеро ташкил хоҳад дод. Ҳико¬яҳои нависанда, илова ба аҳамияти адабиашон барои омӯхтани таърихи ҳикоя дар адабиёти имрӯза, ташак¬кули ин навъи адабӣ ва таҷрибаи ҳикоянависӣ арзиши зиёд доранд».
Дар ҳақиқат, ҳикоёти адиб, ки дар онҳо маҳорати ҳаҷвнигорӣ, забони рангини қаҳрамонони воқеӣ, услуби баён ва инъикоси воқеияти реалӣ волою дилнишин ба зуҳур расида¬анд, эъҷози санъатанд. Ба ин маънӣ, нависанда донандаи хуби анъанаҳои миллӣ, урфу одат, забон ва эҷодиёти бадеии халқ буда, аз онҳо бо камоли маҳорат истифода бурдааст.
Ҳамин тавр, ҳар як навиштаи Раҳим Ҷалил аз забони халқ буд, барои халқ буд, ки муҳаққиқони адабиёт барҳақ ӯро чун «ҳамқадами халқ», «ифодагари орзуҳои халқ», «сарояндаи дӯстии халқҳо», «хизмат¬гори озмудаи мардум» тавсиф наму¬даанд. Дар ин раванд ба ёд овардани асари дуҷилдаи адабию таърихии «Маъвои дил» ҷоиз аст. Зеро дар ин асари ёддоштӣ ҳофизаи таърихӣ, рӯзгор, расму оинҳои мардумӣ басо барҷаста тасвир ёфтаанд. Аз ин боис, ин китобро дар таърихи адабиёта¬мон чун «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ ар¬зишманд медонанд ва муаллифашро ҳамчун адиби маҳбуби халқ қадр¬шиносӣ менамоянд. Муҳаққиқони эҷодиёти адиб М. Шукуров, А. Сай¬фуллоев, Х. Отахонова, С. Табаров, Р.Ғаффоров, Х. Шарифов ва дигарон ин ҷиҳати нигоштаҳои нависандаро возеҳ шарҳу баён кардаанд.
Раҳим Ҷалил адиби маъруфест, ки дар осораш дӯстии бузурги халқи тоҷикро бо дигар халқҳо, хоссатан бо халқи аз қадим дӯсту бародари ӯзбек аз самимият, аз дили халқ, аз қаъри таърих ва барои таърих ҷустааст.Аз ин боис, дар эҷодиёти ӯ дар интихо¬би мавзӯъ ва ҳалли бадеии он бо асарҳои адибони ҳамзамони ӯзбек монандӣ ва яго¬нагӣ ба назар мерасад. Ин ҳолат бештар дар асарҳои ҳаҷвию таърихии ӯ назаррас аст. Ба ин маънӣ, ӯ бо ҳикояву қисса, ро¬ману асарҳои саҳнавии худ дар такомули тафаккури бадеӣ ва завқи адабии ягонаи халқҳои тоҷику ӯзбек саҳми муносиб дорад.
Ин адиби соҳибдили некмаҳзар бо адибони маъруфи ӯзбек Ғафур Ғулом, Абдулло Қаҳҳор, Ойбек, Собир Абдулло ва дигарон дӯсти ҷонӣ, ҳамфикру ҳамақида буд. Чунончи, ӯ меҳмоннавозӣ ва самимияти дӯсташ Ғафур Ғуломро ин тавр ёдоварӣ кардааст: «Дӯсти ман, ифтихори адабиёти ӯзбек, марҳум Ғафур Ғулом ҳар бор, вақте ки ба пеши хонандагон ва хешу ақрабои дар Фарғона будааш мерафт, албатта, дар Ле¬нинобод (Хуҷанди имрӯза – А.С.) манзил карда, рӯзе ё шаберо он ҷо мегузаронд.
– Намедонам шаҳри ту меҳри гиёҳ дорад, ё худи ту, – гуфт ӯ боре ба ман. – Аз ин ҷо даргузар шуда истода, қароре нагирифта, бовар кун, дӯстам, ки ҳаргиз гузашта рафта наметавонам…»
Чунон, ки дар шаҳр ва ҳавлии худ ман Ғафур Ғуломро ҳамчун дӯсти қарин ва ош¬нои дерин хушнудона пешвоз мегириф-там, ӯ ҳам маро дар Тошканд ҳамон тавр мамнунона истиқбол менамуд. Аз ин рӯ, ин дафъа ҳам мисли ҳамеша, ҳангоме ки қадам ба шаҳри бародари ҷонӣ мегузорам, гӯё ӯ бағали васеи худро кушода, сари ка¬лони афлотунӣ ва китфҳои фарохи руста¬монаашро андаке хамонда, сатре аз Ҳофизи Шерозӣ мегӯяд, ки такрорашро басе дӯст медошт:
– Карам намову фуруд о, ки хона – хонаи туст!..
Ғафур Ғулом тарғибгари шӯълавари қа¬вию матинтар шудани дӯстии байни халқҳо ва аз он ҷумла дӯстии байни мардумони тоҷику ӯзбек буд. Ӯ дар Тошкент ошное дошт, ки ба духтари бухороӣ хонадор ва соҳиби чаҳор фарзанд шудаасту дуи аввал дар оила бо забони модар ва дуи дигар бо забони падар сухан мегуфтаанд, аммо ҳам¬дигарро мефаҳмидаанд. Ғафур маро боре ба он хонадон бурда, ҳангоми сӯҳбат гуфт:
– Ҳамин хонадон, бародарам Раҳим, баёни ҳоли чи гузашта ва чи ҳозираи ду миллати мост. Зеҳн мон, байни мову шумо на фақат одату анъанаҳо, балки номҳо низ муштарак шуда рафтаанд. Фамилияи мани ӯзбек Ғулому Мирзои шумо Турсун аст.
– Мо ду саҳифаи як варақи китоби таъ¬рихи халқҳо ҳастем, – гуфтам дар ҷавоби ӯ. Вай дасти маро гирифта сахт фишурд».
Дар ҳақиқат, байни ин ду адиби соҳи¬бистеъдод дӯстию бародарии самимона арзи ҳастӣ менамуд, ки он ба ҳар дуи онҳо илҳоми тозаи эҷодӣ мебахшид. Раҳим Ҷа¬лил дар як мактуби ба Ғафур Ғулом на¬виштааш маҳорати шоирии ӯро эътироф намуда (Эй рафиқи қадрдони ман Ғафур, //Соҳибистеъдоди донову ҷасур), изҳори орзу карда буд. Дар мактуби ҷавобии Ғафур Ғулом бошад, ин дӯстию бародарӣ ин тавр самимона тараннум ёфтааст:
Ҷӯраи ҷонӣ Раҳим ҷони Ҷалил
Бандага бир илтифоте айлагил :
Меҳмон бӯлгил уйимга як- ду рӯз.
Келину Пӯлоду Гулрӯ бирла кел .
Хотираҳои Сафохон Аминзода ҳам ин самимияти аҳду вафоро боз возеҳтар мена¬мояд: «Боре дар шӯъбаи Ленинободии Иттифоқи нависандагон ман, шоир Аминзода ва нависанда Р. Ҷалил дар сӯҳбати Ғ. Ғулом иштирок доштем. Сухан аз эҷодиёти усто¬дони барҷастаи адабиёти тоҷику ӯзбек Саъ¬дӣ, Ҳофиз, Камол, Ҷомӣ ва Навоӣ мерафт… Марҳум Ғ. Ғулом ба тоҷикӣ бо фасоҳати том гап мезад ва шеъри тоҷикиро бадеҳатан ба хубӣ мехонд.
Шоир М. Аминзода аз ин тааҷҷуб кар¬да бо забони ӯзбекӣ гуфт: «Ғафур-ака, сиз тожикча наср ва назмни ӯқишда ҳамма¬ни қоил қиласиз». Дар ҷавоб Ғ. Ғулом ба тоҷикӣ гуфт:
– Монанди шумо ва Мулло Абдураҳим (Раҳим Ҷалил) барин-дия. Гӯё забони ӯз¬бекиро об карда хӯрдаед…
Ғафур Ғулом дар омади гап гуфта буд:
– Забони тоҷикиро надонистан ва на¬фаҳмидан ба мо, нависандагони ӯзбек айб аст. Ба мо шоҳроҳи ин меросро шоирони зуллисонайн – Ҷомию Навоӣ кушода дода¬анд. Муқимӣ, Завқӣ, Фурқат, Ҳамза аз забон ва адабиёти тоҷик пурра бохабар буданд. Ба забони тоҷикӣ навиштани ашъор дар байни ин шоирон фазилат ҳисоб мешуд. Хусусан, ин услуб дар мактаби шоирони Қӯқанду Хуҷанд равнақу ривоҷ ёфтааст. Ман ҳам пайрави он ҳастам, давомдиҳан¬дагони мактаби шоирони зуллисонайни Қӯқанд – Муқимӣ, Фурқат, Хислат ҷолиби диққат мебошад. Ин тадқиқоти илмиро талаб мекунад». Ҳамин тавр, адиби маъруф Раҳим Ҷалил вассофи забардасти дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек ҳам буд. Ӯ ин дӯстиро ҳамеша азиз медонист ва қадршиносӣ мекард, чун гавҳараки чашм ҳамеша эҳтиёт намудани онро вазифаи муқаддас медонист.

Аз ин боис, тарғибгари шӯълавари дӯ¬стию бародарӣ, пайвандгари дилҳо Раҳим Ҷалил ҳам мисли устод Турсунзода дар таърихи равобити адабии халқҳоямон бо фаъолияти ибратбахши худ нақши носу¬турданӣ гузошта, дар дилу дидаи мардуми тоҷику ӯзбек меҳру сафо ёфтааст. Ин аст, ки омӯзиши саҳми босазои ӯ дар пайвандҳои дӯстию адабии халқҳоямон аз фоида холӣ намебошад.

Абдусалом САМАДЗОДА,
номзади илми филология,
дотсент

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ