Ӯзбекистон

АФЗАЛИЯТҲОИ ЧЕКИ ХАРИД


Дар ҳаёти рӯзмарраи худ мо аз хизмати масканҳои савдо истифода мекунем ва аз рӯйи эҳтиёҷоти худ харид менамоем. Маҳсулоти худро гоҳо бо пули нақд ва гоҳ бо карточкаи пластикӣ мехарем. Аммо ҳангоми бо пули нақд савдо кардан на ҳамаи мо чеки харидро талаб мекунем. Фурӯшандагон низ ба ин одат кардаанд ва аксар пешкаш намудани чекро «фаромӯш» мекунанд.
НАБОЯД ФАРОМӮШ КАРД, КИ ТАЛАБ КАРДАНИ ЧЕКИ ХАРИД:
– масъулияти фурӯшандаро бобати сифати маҳсулот зиёд мекунад;
– қобили истеъмол будан ва сифати маҳсулотро кафолатнок менамояд;
– барои аз нав супоридан ё ки иваз кардани маҳсулот имкон фароҳам меоварад;
– барои дақиқ ҳисобу китоб кардани харҷи буҷаи оила аҳамиятнок аст;
– аз даромади бадастомада ба буҷаи давлат супоридани андозро таъмин мекунад;
– гардиши ноқонунии пулро пешгирӣ менамояд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ