Маориф

Дар ноҳияи Самарқанд аввалин филиали «Олами китоби Самарқанд» ба фаъолият оғоз намуд


Яке аз панҷ ташаббуси муҳиме, ки аз тарафи Президенти мамлакат пешниҳод гардид, ба ташкили корҳо оиди баланд бардоштани маънавияти ҷавонон ва тарғиби васеи китобхонӣ дар байни насли наврас нигаронида шудааст.
Бо мақсади таъмини иҷро ин ташаббус ва як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрие, ки дар ин самт қабул гардидаанд, инчунин, тарғиби мутолиаи китоб байни ҷамоатчигии васеъ, бо ин роҳ баланд бардоштани сатҳи маънавияти ҷавонон дар кӯчаи Усмон Юсуфови ноҳияи Самарқанд филиали «Олами китоби Самарқанд» ба фаъолият оғоз намуд.
Дар тадбире, ки ба муносибати ифтитоҳи китобхонаи нав ташкил гардид, ҷонишини ҳокими ноҳияи Самарқанд Азамат Ҳалимов, сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Гулобод тонги» Нормурод Каримзода, директории маҷмӯаи маънавию маърифатии «Олами китоби Самарқанд» Хуршед Нуруллоев ва дигарон оиди чорабиниҳое, ки дар мамлакат бобати афзунсозии таваҷҷӯҳи насли наврас ба китобу китобхонӣ амалӣ мегарданд, аҳамияти мутолиаи китоб дар равонии нутқ, васеъ шудани ҷаҳонбинӣ, мустаҳкамшавии худшиносӣ ва худогоҳии инсон сухан карданд.
– Ин филиали аввалини «Олами китоби Самарқанд» дар ноҳия мебошад, – гуфт муассиси китобхона Акбар Маҳмудов. – Ният дорем боз дар чандин гӯшаи сераҳолии ноҳияи Самарқанд, инчунин, шаҳру ноҳияҳои дигари вилоят филиали китобхонаро боз намоем. Аз ташкили фаъолияти китобхонаҳо як мақсад дорем, ки ин ҳам тавассути китоб ба ҳар як хонадон ворид намудани нури маънавияту маърифат ва тарбияи авлоди аз ҳар ҷиҳат солиму комил мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ