Ӯзбекистон

Роҳи оҳан – асоси рушди иқтисод

Нақлиёти роҳи оҳан қисми таркибии комплекси нақлиётии мамлакат буда, вазифадор аст дар ҳамкорӣ бо дигар навъҳои нақлиёт, талабот ба ҳамлу нақлро дар робитаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, ҳамчунин ташкили бозори хариду фурӯш ва хизматҳои ба он алоқаманд, рушду инкишофи босамари фаъолияти соҳибкориро саривақт ва бо сифат таъмин намояд. Дар кашонидани маҳсулоти истеъмолӣ низ нақлиёти роҳи оҳан ҷойгоҳи ба худ хос дорад.Роҳи оҳани минтақавии Бухоро аз истгоҳи Ғаллаороли вилояти Ҷиззах сар шуда, то истгоҳи Навоӣ 240 километр тӯл кашидааст ва дар ин масофа 13-то истгоҳ мавҷуд аст. Стансияи Самарқанд ҳафтум истгоҳи роҳ ба шумор меравад. – Кормандони истгоҳи мо бо қабули молҳои хоҷагии халқ, ба манзил расонидани онҳо ва фиристондани маҳсулот машғуланд, — гуфт роҳбари стансия Комил Эргашев. – Тайи шаш моҳи аввали соли равон аҳли ҷамоа 1821-то вагонҳои кушода, пӯшида ва систернаҳо, аз ҷумла, 463-то вагон маҳсулоти импортии давлатҳои Россия, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Озорбойҷонро, ки аз қайлаи соя, равғани растанӣ, тухмии маккаӣ, шакар иборатанд, қабул карданд. Инчунин, ба давлатҳои хориҷӣ нахи пахта, мева, маҳсулоти полизӣ, хишт, еми омехтаи паррандагон, лӯбиёгиҳо фиристода шуданд. — Ба қарибӣ дар ҳудуди саноатии стансия фаъолияти хизмати боҷхона ба роҳ монда шуд, — иброз дошт корманди истгоҳ Равшан Ҷавдатов. — Онҳо сифат ва ҳолати техникии маҳсулоти вагонҳоро санҷида, бинобар таклифи мизоҷ онро ба манзили зарурӣ мерасонанд. Мо кӯшиш мекунем, ки бехатарии шаҳрвандон ва бенуқсон ба манзил расонидани маҳсулотро таъмин намоем. 
Бояд гуфт, ки роҳбарияти истгоҳ ҷиҳати рушди соҳа ва рафъи мушкилоти ҷойдошта пайваста чораҳои нав меандешад.

Дар доираи мавзӯъ:

  1. Соли 1825 дар Англия аввалин роҳи оҳан (Стоктон-­Дарлингтон) сохта шуд.
  2. Дар Россия бошад, нахустин роҳи оҳанро (Петербург-­Сарское Село-­Павловск) соли 1837 сохтанд.
  3. Бунёди роҳи оҳани Каспӣ аз моҳи ноябри соли 1880 оғоз гардид. Соли 1885 роҳи оҳан ба Ашқобод, соли 1886 ба Чорҷӯ расид. Моҳи майи соли 1888 тавассути Амударё 30-то кӯрук бунёд гардида, ҳаракати роҳи оҳан ба Самарқанд ба роҳ монда шуд.
  4. Таассути роҳҳои оҳан дар давоми як сол ба беш аз 420 ҳазор аҳолӣ хизмат расонда, қариб 7395 ҳазор тонна бор кашонида мешавад.
Т.НОРҚУЛОВ.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ