Ӯзбекистон

Қадри одам

Солима аз тафтиши УЗИ баромада хурсанд шуд. Ду сол боз Солимаву шавҳараш интизори кӯдак буданд. Таънаву маломатҳои модаршӯяш ҳам акнун ба охир мерасад. Чӣ бахти бузургест, ки ӯ ҳам модар мешавад. Фарзандашро ба оғӯш гирифта, навозиш мекунад. Мебӯяду мебӯсад. Бо ҳамин гуна хаёлҳои ширин Солима ба автобус савор шуд.Дар автобус одам бисёр ва ҳатто барои поймонӣ ҷой набуд. Ҷавонҳои дар курсиҳои автобус нишаста ба касе ҷой надода, бепарво кӯчаро тамошо карда мерафтанд. Ҳавои гарми тобистон одамро лоғару беҳол мекард. Солима барои муо¬инаи шифокорон пагоҳӣ барвақт омад. Навбатпоён бисёр буданд. Рӯз аз нисф гузашт, ки кораш ҳал шуд. Модаршӯяш ба ӯ танҳо барои хароҷотҳои зарурӣ пул дода буд. Аз гуруснагиву ташнагӣ сари Солима дард кард. «Модарарӯсам ақаллан ҳазор сӯми зиёдатӣ надоданд, ки об нӯшам. Ҳамаи пулҳои шавҳарамро ҳам намонда мегиранд. Ҳамааш айби худам: дар ягон ҷой кор мекардам, ҳоло аз гуруснагӣ азоб намекаши¬дам. Хайр, ҳамааш мегузарад. Аз ҳама асосиаш фарзандамро сиҳату саломат ба оғӯш гирам, ҳамин бах¬ти баланд аст» бо чунин андешаҳо Солима гоҳ ғамгин мешуду гоҳо бо ёди тифли ояндааш хурсанд мегашт. Баъди андаке чашмони Солима сиёҳӣ заданд. Дилаш беҳузур шуд. Дастдораки автобусро маҳкам дошт, ки мувозинаташро нигоҳ дорад. Ран-ги рӯяш канда, дасту пояш ларзид. Аҳволи ӯро пиразане мушоҳида кар-да, ба ҷойи худаш ӯро шинонд. Соли¬ма дигар худро ҳис намекарду фақат зери лаб «об, об» гуфт. Ин сухани ӯро пиразан бо овози баланд «Об диҳед, ба кӣ об ҳаст?» гуфт. Касе ба сухани ӯ эътибор намедод. «Чӣ гап?» пурсид кондуктори автобус. «Як ҷавонзан беҳуш шуд, об мегӯяд» ҷавоб дод пиразан. Кондуктор ғурунгос зад: «Об даркор бошад, ҳамроҳ гирифта гарданд буд». Марде шояд муаллим бошад, дафтарашро дароз кард. Ба вай ба Солима шамол доданд. Пи¬разан аз ронанда хоҳиш кард, ки автобусро нигоҳ дораду ягон нафар об биёранд. Аммо одамони дигар ба сухани ӯ эътироз баён карданд. Яке гуфт ки мо ба кор дер мемонем. Дигаре иддао кард, ки вай чӣ хел зан аст, ки худашро ӯҳда карда на-метавонад? Ин хел бошад, ба кӯча набарояд буд. Солима беҳуш бошад, ки баъзе гапҳоро мешунид. Баъд аз ташнагӣ даҳонаш хушк шуда, аз худ рафт. Баъди чанд соат Солима чашм кушода, худро дар шифохона дид.Маликаи БАХТИЁР
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ