Асосӣ

Ӯзбекистон – Тоҷикистон: Ҳамкориҳои иқтисодӣ рушд мекунанд

«Халқҳои тоҷику ӯзбек ба мисли ду шохи як дарахт ва ду шохоби як дарё мебошанд. Мо дорои як дин, замин ва оби умумӣ мебошем. Мо дар шодиву ғам якҷоем, мо ҳамтақдирем. Мо анъанаҳои неки ниёгонамонро идома дода, бояд дӯстии халқҳоямонро таҳким бахшем ва ҳифз намоем».

Шавкат МИРЗИЁЕВ, Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон

Тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ аз самтҳои афзалиятдо-ри муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон маҳсуб гардида, Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва Шӯрои соҳибкорони Ӯзбекистону Тоҷикистон ба василаи механизми пешбурди ин равобит хизмат мекунанд. Воқеияти ин иддаоро гурӯҳи рӯз¬номанигорони тоҷик, ки чанде пеш аз Ҷумҳурияти Ӯзбекистон боздид ва бо мақомоти масъули давлатию ҷамъиятӣ дидору мулоқот доштанд, эҳсос намуданд. Боздиди расонаии мазкур бо ибтикори мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри XXI» дар доираи лоиҳаи «Беҳтар кардани ҳамкориҳои рӯзноманигорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон» сурат пазируфта, 12 намояндаи ВАО и Тоҷикистон аз корхонаҳои саноатӣ, муас¬сисаҳои фарҳангӣ, обидаҳо ва мавзеъҳои таърихӣ, идораҳои телевизион, радиошунавонӣ ва матбуоти даврӣ дар шаҳрҳои Тошканд, Бухоро ва Самарқанд дидан карданд. Ҳадафи ин сафар роҳандозии ҳамкориҳо ва табодули таҷриба миёни ВАО ва созмонҳои рӯзноманигории ду кишвар, инчунин инъикоси масъалаҳои равобити барои ҳар ду ҷониб судманди мамлакатҳои дӯст ва шарикони стратегӣ дар расонаҳои Тоҷикистон унвон меша¬вад.

ГАРДИШИ САВДОИ ХОРИҶИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ӮЗБЕКИСТОН ДАР НИМ СОЛ 9 МИЛЛИОН ДОЛЛАРИ АМРИКОИРО ТАШКИЛ ДОД

Тавре ки аз Вазорати иқтисод ва саноати Ӯзбекистон иттилоъ доданд, ҳарчанд муносиботи дипломатӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳанӯз 20-уми октябри соли 1992 ба роҳ монда шудаанд, авҷи ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар тайи се соли охир, бавижа пас аз анҷоми сафарҳои давлатии сарони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба Тошканду Душанбе, ба мушоҳида расидааст. Дар ин муддат санадҳои нави байнидавлатӣ оид ба ҳамлу нақли молу коло, ҳимояи сармоягузорӣ, ҳамкориҳои байниминтақавӣ, имтиёз дар андозбандӣ ва ғайра ба тасвиб расида, ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар дар соли 2018 ба қадри 64 фоиз афзуд (389 миллион доллари амрикоӣ). Тоҷикистону Ӯзбекистон азм доранд, ки тамоюли афзоиши гардиши савдоро нигоҳ дошта, аллакай имсол онро ба беш аз 500 миллион доллар расонанд. Тавре ки А. Раҳмонов, кормандимасъули Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон, иттилоъ дод, гар¬диши тиҷоратии савдои берунаи вилояти Хатлон бо Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар соли 2018 зиёда аз 10 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки аз ин ҳисоб 8,7 миллион доллараш содирот мебошад. Соли гузашта аз вилояти Хатлон ба Ӯзбекистон 203025 тонна семент, 59 тонна гаҷкартон ва 119650 килограмм писта содирот шудааст. Аз ҷумҳурии ҳамсоя бошад, ба ҷануби Тоҷикистон асосан тухми мурғ, нуриҳои минералӣ, гандум, хӯроки парранда, олтингӯгирд, хокаи бентонит, бензин, равғани трансформатор ва ғайра ба маблағи умумии 1,3 миллион доллари амрикоӣ ворид карда шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки танҳо дар моҳҳои январ-июни соли 2019 ҳаҷми гар-диши савдои берунаи вилояти Хатлон бо Ӯзбекистон аллакай аз марзи 9 миллион доллари амрикоӣ гузаштааст. Мо аз Ӯзбекистон беш аз ҳама нуриҳои минералӣ ва гази моеъ ворид ва ба кишвари ҳамсоя сементу ниҳол содирот кардаем.

Ӯзбекистон – Тоҷикистон: Ҳамкориҳои иқтисодӣ рушд мекунандБУНЁДИ 45 КОРХОНА БО САРМОЯИ ТОҶИКИСТОН ДАР ӮЗБЕКИСТОН

Дар посух ба суол дар бораи арзёбии заминаҳо ва дурнамои тақвияти ҳамкорӣ миёни минтақаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, бавижа Хатлон ва Сурхондарё, Суғд ва Самарқанд, муовини якуми раиси Па¬латаи савдо ва саноати Ӯзбекистон Ислом Жасимов гуфт, ки тайи ду соли охир дар натиҷаи густариши равобити сармоягузорӣ, шумораи корхонаҳои навбунёд бо ҷалби сармояи Тоҷикистон 3,5 маротиба афзоиш ёфта, ба 45 адад расид. Имконоти васеъ барои бунёди корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, маводи ғизоӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёз вуҷуд дорад. Соли гузашта 40 ширкати истеҳсолии вилояти Хатлон дар шаҳри Термиз маҳсулоти худро ба намоиш гузошта, бо доираҳои тиҷоратии вилояти Сурхондарё шартномаҳои ҳамкорӣ бастаанд. – Барои рушди ҳамкориҳо миёни минтақаҳои ду кишвар ягон монеа мавҷуд нест, ягона мушкилот барои ҷонибҳо, аз нигоҳи мо, норасоии иттилоот оид ба зарфиятҳои якдигар мебошад, – идома дод И. Жасимов. – Кишвари мо дорои иқтидори бузурги транзитӣ буда, ҳар ду кишвар имкон доранд аз шоҳроҳҳои минтақавию байналмилалии ҳамдигар фаровон истифода намоянд. Ифтитоҳи қитъаи роҳи оҳани «Амузанг-Ғалаба» аз тавсеаи робитаҳои судманди иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон пайки нек аст. Дар натиҷа, ҳаҷми ҳамлу нақли бор тавассути ин қитъаи роҳи оҳан тайи ду соли охир 17 фоиз афзуда, 5,2 миллион тонна¬ро ташкил дод. ДАР ТОҶИКИСТОН КОРХОНАИ «ARTEL» МЕСОЗАНД

Бектемир Муродов, муовини сар¬вари ҶДММ «Artel Engineering and Management», моро дар шаҳри Тошканд бо маҷмааи истеҳсолии «Artel Rohat» шинос кард. Ин маҷмаа аз корхонаҳои истеҳсоли яхдон, мошинаҳои ҷомашӯӣ, маҳсулоти пластикӣ ва дигар қисмҳои эҳтиётии техникаи маишӣ иборат буда, дар он беш аз ду ҳазор нафар кор мекардаанд. Зикр гардид, ки ширкати «Artel» соли 2011 таъсис дода шуда, маҳсулоташро ба хориҷи кишвар, аз ҷумла Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Россия, Туркманистон, Украина ва Тоҷикистон содирот мекунад. – Содироти техникаи маишии бренди «Artel» ба Тоҷикистон соли 2016 оғоз гардида, имрӯз мо ба бозорҳои кишвари ҳамсоя кондитсионерҳо, навъҳои гуногуни мошинаҳои ҷомашӯӣ, яхдону чангкашак, телевизор, тафдонҳо ва дигар асбобҳои электрикиро ворид мекунем, – зикр намуд Б. Муродов. – Соли 2018 ширкати мо ба Ҷумҳурияти Тоҷикистон ба маблағи умумии 6,3 миллион доллари амрикоӣ маҳсулот содир кардааст. Тайи моҳҳои январ-майи соли 2019 бошад, ҳаҷми экспорт ба Тоҷикистон 1,9 миллион долларро ташкил дод. Ба қавли манбаъ, бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Хонаи савдои Артел» таъсис дода шудааст. Дар пойтахт ва шаҳри Хуҷанд марказҳои дилерӣ ва мағозаҳои махсуси ин ширкат амал мекунанд. Бектемир Муродов ҳамчунин хабар дод, ки бо назардошти талабот ба тех-никаи маишии «Artel» ва баҳои баланди Президенти Ҷумҳурияти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба маҳсулоти ин ширкат, ҷонибҳо ба қароре омаданд, ки истеҳсоли техникаи маишии «Artel»-ро дар Тоҷикистон низ ба роҳ монанд. Бинобар ин, миёни ширкатҳои «Artel engineering and management» ва «Авесто Групп» шартнома оид ба роҳандозии истеҳсоли техникаи маишии тамғаи «Artel» дар шаҳри Душанбе ба имзо расид. БА ҶОЙИ ХУЛОСА

Боздид аз фабрикаи истеҳсоли абрешим ҶДММ «Bukhara Brilliant Silk» (BBS) дар шаҳри Бухоро, мусоҳиба бо Рустам Қобилов – ҷонишини ҳокими вилояти Самарқанд ва Ғайрат Абдураҳмонов – ҷонишини ҳокими ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд, инчунин, шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии Минтақаи озоди иқтисодии «Ургут» моро ба ин андеша овард, ки миёни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон барои рушди бештари ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, афзоиш ёфтани ҳаҷми гардиши мутақобилаи мол, фаъол гаштани ҳамко¬риҳои фарҳангиву гуманитарӣ, иртиботи нақлиётӣ, истифодаи захираҳои обу энергетикӣ, ҳамчунин густариши робитаҳои байни минтақаҳои ду кишвар зарфиятҳо ва пешомадҳо зиёданд. Тибқи андешаи коршиносон, Тоҷикистон метавонад ба Ӯзбекистон алюмин, меваҳои тару тоза ва хушк, маҳсулоти нассоҷӣ, қолин ва дигар маҳсулоти саноатӣ содирот намояд. Молҳои истеҳсолнамудаи Ӯзбекистон, назири техникаи маишӣ, мошинолот ва дигар маҳсулоти ниёзи аввал дар бозори Тоҷикистон муштариёни худро доранд. Ин тамоюл ба паст гардидани нархи маҳсулоти ғизоӣ дар бозорҳои ҷумҳурӣ мусоидат намуда, рақобати иқтисодиро дар мавриди истеҳ¬соли маҳсулоти хушсифат ва бозоргир ба вуҷуд меорад.

Носирҷон МАЪМУРЗОДА, Бохтар-Тошканд-Бухоро-Самарқанд-Бохтар

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ