Фарҳанг

Дурри нотакрор

Барно Исҳоқова иштирокчии ду симпозиуми байналмилалии «Таронаҳои Шарқ» (1978, 1983) дар мадрасаи Шердори Самарқанд буд. Вай дар ҳайати ансамбли мақомхонҳои Тоҷикистон сурудҳои классикии «Уфари сегоҳ», «Насри сегоҳ» ва «Талқинчаи баёт»-ро бо савти болобардор сароида, ба эътирофи аҳли ҳунару фарҳанги 47 мамлакати ҷаҳон мушарраф гардидааст.Барно суруд хонад, аз шавқ печутоб мехўрд. Нолаҳои фораму тўлонии ҷонфизояш бо қиёфаву ваҷоҳати латифаш даромехта шунавандаи соҳибзавқро мафтун мекард, ҳиссиёти наҷиб мепарварид:Озурдадило, ҳоли дили зор чӣ донӣ?Хунхории ушшоқи ҷигархор чӣ донӣ?Ҳаргиз нахалида ба кафи пойи ту хоре,Озурдагии синаи абгор чӣ донӣ?..Нолаҳои рўҳнавоз, авҷи дар авҷ бароварду фуровард, гурезҳои шинам ва зарби овози шевову гўёи Барноро бо сухан ифода кардан душвор аст. Ин садои ғулғуланоки овоз ва мавҷу тобиши пуризтиробро шунида тавонистан, нафосату дурахши суруди зеборо дарку эҳсос намуда лаззат бурдан завқу салиқаи баланд ва камоли фазлу донишро талаб мекунад. Ба гуфтаи нависанда Сорбон «Дар овози Барно нолаи най ҳаст, шевони ғижжак ҳаст, мўяи дутору тамбўр…, алам ҳаст, ҳасрат ҳаст, муноҷот ҳаст, сўхтан ва сохтан ҳаст» («Адабиёт ва санъат», 30.04.1987).Нолаҳои ширадору дилангези Барноро нолаи табии камназир гуфтан ҷоиз аст, ки аз ҷавҳари табъу истеъдоди худододи вай сарчашма гирифта, бо ҷилову тобиши сеҳрнок ба дилҳо роҳ меёбад: «Сарахбори ороми ҷон», «Насри сегоҳ», «Ироқи Бухоро», «Чоргоҳ», «Бебокча», «Насруллоӣ», «Насри ушшоқ», «Наврўзи сабо», «Синахурўш», «Муғулчаи наво», «Уфари уззол», «Чапандози наво», «Уфари сегоҳ» намунаи олии сурудҳои классикии Барно Исҳоқова мебошанд. Ҳунарпеша месароиду худ обу адо мешуд. Овози хуш ва серпардаву диладои ў гўё аз гулў не, аз вуҷудаш берун меомад то матлабу мурод­ро ба сомеон бирасонад. Шевову фаҳмо мехонд Барно. Мисли бархе ҳофизон суханро намехоид, ҳунари хешро зери оҳанги мусиқӣ пинҳон намедошт, маънии шеърро фаҳмида, суханро бо оҳанг ва оҳангро бо сухан қувват медод, суруд самимӣ ба табъ мерасид:Сабо, хоки вуҷуди мо бад – он олиҷаноб андоз,Бувад, к-­он шоҳи хубонро назар бар манзар андозем…Ин аст, ки Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шўравӣ шодравон Аҳмад Бобоқулов рўзҳои ҷашни 60-солагии Барно Исҳоқова лаҳзаҳои ҳамкории худро бо Барно ёдрас намудааст: «Ҳарчанд ман ҳам ҳунармандам, вале Барно суруд хонад ба илҳом меоям, ба ваҷд меоям. Ба ғайр аз мусиқиву суруд дигар ҳамаро фаромўш месозам» («Адабиёт ва санъат», 30.04.1987).Санъат барои Барно кохест зебо ва суруд ҳаммаъно бо зебоӣ, тазоҳури малоҳату назокат, рехтаи дили шоир, ҳофиз ва оҳангсоз аст. Ин дурри ноёбро муқаддас бояд донист.Барно Исҳоқова зодаи Тошканд аст. Дар оилаи онҳо суруду мусиқӣ доимо танинандоз буд ва ў асрори сеҳрангези сарояндагиро аз овони бачагӣ аз падар омўхтааст. Аммо зиндагии хушу зебо дер давом накард. Тақдир Барнои нўҳсоларо ба сағирхона овард, вале майлу иштиёқи вай аз суруду мусиқӣ канда нашуд. Барнои санъатдўст дар дастаи ҳаваскорони сағирхона ва мактаб фаъол буд, нахустин устодонаш Ориф Қосимов ва Наҷмиддинмуаллим будаанд. Барно дар озмуни ҷумҳуриявӣ суруди дилнавози «Алла»-ро ширадор суруда, ғолиб омад, муддате овозхони радиои Ўзбекистон шуда кор кард, аз машғулиятҳои устод Юнус Раҷабӣ ва сарояндаи хушовоз Берта Довудова баҳраманд шуд.Солҳои зиндагӣ дар Самарқанд (1945-1950) устоди нахустини Барно овозхони сурудҳои классикӣ, Ҳунарпешаи халқии Ўзбекистон Михоэл Толмасов мебошад, ки услуби мақомхониро ба вай омўхта, истеъдоду ҳофизаи ўро дар ин ҷода муайян кардааст.Барно таҳти роҳнамоии М. Толмасов тарзи хониши «Қашқарчаи ушшоқ»-ро аз мақоми «Рост» ва суруди ҷаззоби «Ҷононае» (ғазали Аҳмади Ҷомӣ)-ро бо овози фораму зебо суруд ва аз он дам сар карда Барно Исҳоқова худро чун ҳунарпешаи бомаҳорати санъати Шашмақом муаррифӣ кард. Суруди дар қарта ва лента сабтшудаи «Ҷононае» имрўз ҳам, дили мухлисони санъати олиро ба шўр меорад:Дўш будам ҳамнафас танҳо ба як ҷононае,Ноз мекарду ба зулфи хеш мезад шонае.Дастро бар гардани он нозанин андохтам,Қаҳраш омад, гуфт: ваҳ ту магар девонаӣ?..Соли 1950 Барно Исҳоқова ба Душанбе кўчид ва таҳти пуштибонӣ ва парастории устодони Шашмақом Фазлиддин Шаҳобов, Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов ва Нериё Аминов маҳорати овозхонии худро такмил дод ва солҳои тўлонӣ ҳаёти худро ба рушди санъати мақомхонӣ бахшид, ба унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон соҳиб шуд, сазовори Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ гардид, бо ордену медалҳои давлатӣ мукофотонида шудааст.Барно Исҳоқова устоди донишгоҳи санъати Тоҷикис­тон буд. Мақомхонҳои муосири тоҷик Мастона Эргашева, Раъно Абдуллоева, Лола Азизова, Хурсанд Зарифов ва духтараш София Бадалбоева худро шогирди Барно Исҳоқова медонанд.Муаррихони санъати мусиқӣ овардаанд, ки дар Бухорои Шариф мақомхонӣ шуғли мардҳо буда, занҳо бо ҳунари созандагӣ омода будаанд ва Барно Исҳоқова яке аз нахустин занонест, ки хониши сурудҳои классикиро касб карда, дар ин ҷода зиёда аз чиҳил соли фаъолияташро бахшид.Ҷамъият ба шоиру нависанда ва санъаткори асил ҳамеша эҳтиёҷ дорад. Зеро устодони сухану ҳунар ҳастии маънавӣ ва рўҳи баланди миллатро ба беҳтарин тарзе ифода менамоянд. Барно Исҳоқова ба ғояти камоли ҳунар расида, санъати овозхонии классикии тоҷикро як поя баланд бардошт ва ҳамчун сарояндаи нотакрори Шашмақом шинохта шудааст. Мардон ШАРОФОВ, 
номзади илми санъатшиносӣ
.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ