Фарҳанг

Ором қадам бардорем

Савдогаре ба шаҳре омад ва аз он ҷо маҳсулоти кишоварзӣ харид кард. Хост онҳоро бо мошини бортдор ба вокзали роҳи оҳан барад. Дар роҳ аз писаре пурсид:

  • То вокзали роҳи оҳан чӣ қадар роҳ?
  • Агар оҳиста равед тахминан дар бист дақиқа мерасед. Аммо агар босуръат равед, дар ним соат ва ё аз он бештар, – ҷавоб дод писар.Савдогар аз ин ҷавоби писар, ки ба назараш кинояомез намуд, оташин шуд ва ба ӯ чанд сухани қабеҳ гуфту худравро босуръат ронд. Аммо панҷоҳ метр нарфта чархи мошин ба санге бархӯрду, бо такон хӯрдани худрав ҳамаи маҳсулоти борт ба замин рехт. Савдогар барои ҷамъоварии онҳо вақти зиёд сарф кард. Вақте ки хаставу кӯфта ба мошин нишаст гуфтаҳои писар ба хотираш омад. Мақсади писаракро фаҳмида, қисми боқимондаи роҳро оҳиставу боэҳтиёт тай кард. Шояд гоҳе бояд оромтар қадам бардорем, то ба мақсад бирасем. Ҷан де Лабрюйер: «Барои касе, ки оҳиставу пайваста роҳ меравад, ҳеҷ роҳе дур нест.”
  • Таҳия.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ