Онлайн-поликлиника: Он барои беморон чӣ афзалиятҳо дорад?

Шаҳзод Кенҷаев

Маълум, ки имрӯзҳо дар соҳаи рақамисозии корхонаву ташкилотҳо дар тамоми ноҳияву шаҳрҳои ҷумҳурӣ чораҳо андешида мешавад. Ин барои боз ҳам осон намудани вазифаи кормандон ва босифат гаштани он хизмат мекунад. Навбатҳои дуру дароз кӯтоҳ мешавад ва дар дари корхонаҳо норозигии мардум шунида намешавад.
Бо ин мақсад дирӯз, 28-уми майи соли равон дар бораи корҳое, ки дар самти рақамисозии соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Тайлоқ анҷом дода шудаанд, бо ҳамкории ҳокимияти ноҳия ва Сарсадорати молияи вилоят пресс-тур гузаронида шуд.

Шароитҳо дар “онлайн-поликлиника” чӣ тавр аст?

Имрӯз дар Маркази бисёрсоҳавии тиббӣ, Беморхонаи вилоятии хастагии чашм, Диспансери кардиологии вилоят, Филиали Самарқандии Маркази ҷумҳуриявии махсусгардонидашудаи илмӣ-амалии травматология ва ортопедия, шӯъбаи тибби ноҳияи Тайлоқ ва Диспансери касалиҳои пӯст барномаи technomed.uz насб ва ба кор дароварда шудааст.
Барои ин мақсад бештар аз 1 миллиард сӯм аз буҷа ҷудо шудааст. Тавассути ин система, ҳамаи амалҳои марҳилавӣ аз қабили сабти номи бемор, қабули шифокор, ташхиси врач, рӯйхати доруҳо, рӯйхати муолиҷа, ҷавобҳои лаборатория, ташхиси ҳаррӯза, ҳафтаина, моҳонаи духтурон ва ғайра дар интернет ва имконияти дидани он дар система дастрас мебошад.
Ғайр аз ин, тавассути ин барнома даромади пулакии беморхона афзоиш ёфт. Аз ҷумла, шӯъбаи ёрии таъҷилӣ, реаниматсия, шӯъбаи қабул ва поликленикаи марказии бисёрсоҳавии ноҳия таъмир шуд. Дохили ин биноҳо аз ҳисоби маблағи худи иттиҳодия бо 70,0 миллион сӯм обод гардид.

  • Ҳоло дар поликлиникаи бисёрсоҳаи марказӣ барои 334 нафар ҷойҳо ҳаст, аз ҷумла 320 ҷои буҷавӣ ва 14-тои он дар ҳисоби шӯъбаҳои реабилитатсияи хоҷагӣ мебошанд, — гуфт Улуғбек Усмонов роҳбари иттиҳодияи тиббии ноҳияи Тайлоқ. — Дар ин ҷо поликлиникаи бисёрсоҳаи марказӣ ва тамоми шӯъбаҳои беморхонаи марказӣ дар маҷмӯъ ба аҳолии ноҳияи мо хизмат мерасонанд. Имрӯзҳо соҳаи рақамисозии маълумотҳо яке аз омилҳои муҳим ба шумор меравад. Бо ин мақсад дар ҳамкории Сарсадорати молияи вилоят, Садорати тандурустии вилоят, ҳокимияти ноҳия ба иттиҳодияи тиббии ноҳияи Тайлоқ барномаи “Техномед” ҷорӣ шуд. Ин барои ходимони мо имконияти вақти зиёд сарф накардан ва ба мардум хизмати хуб расонидан ёрӣ медиҳад. Бояд таъкид намуд, ки барнома садди роҳи коррупсия низ мебошад.

“Ҷумъабозор” пункти шифокори оилавӣ

  • Дар заминаи бинои пункти шифокори оилавии “Ҷумъабозор” 40 ҷойи реаблитатсия сохта мешавад. Таъсиси 28 ҷои нави корӣ дар нақша гирифта шудааст. Бо ин мақсад 250,0 млн. сӯм сарф карда шуд. Барои хариди 14 намуди таҷҳизоти физиотерапия, 8 намуди таҷҳизоти варзишӣ шартномаҳо ба имзо расиданд. 21 намуди таҷҳизоти вайроншудаи тиббӣ дар муддати 6 моҳ таъмир карда шуд. Бо ин мақсад 18,0 млн. сӯм сарф карда шуд, — гуфт Қаҳҳор Низомов раиси Ҳизби демократии халқи ноҳияи Тайлоқ.
    Дар пункт ҳамаи шароитҳо барои беморон муҳайё шудааст. Инчунин, дар он ҷо ходимони ҷавону корчаллон ба кор қабул шудаанд.

Маркази маданияти ноҳияи Тайлоқ

Дар ноҳияи Тайлак 4 маркази маданият мавҷуд аст. Яке аз онҳо маркази фарҳангии рақами як воқеъ дар маҳаллаи Шопӯлот мебошад, ки дар навъи як таъсис ёфтааст. Бино соли 1980 сохта шуда, масоҳати умумии замин 0,44 гектарро ташкил медиҳад. Масоҳати сохтмон 1084,80 м.м.

  • Бино тибқи Фармони Президентамон “Дар бораи тасдиқи Консепсияи рушди минбаъдаи фарҳанги миллӣ дар Ҷумҳурияти Ӯзбекистон” дар асоси барномаи давлатии соли 2020 ба маблағи 2 миллиард 970 миллион сӯм таъмир карда шуд, — гуфт мудири шӯъбаи ноҳия Ғазал Сироҷиддинов. — Маркази фарҳангӣ ба 40 ҳазор нафар хизмат мерасонад. Марказ дорои 16 воҳиди давлатӣ аст. Дар марказ китобхонае таъсис дода шудааст, ки бо тақрибан 900 китобу маҷаллаҳо муҷаҳҳаз мебошад. Дар ин ҷо 6 маҳфил, аз ҷумла сурудхонӣ, рақс, рубоб-доира, мақом ташкил шудааст.
    Бо мақсади таҳкими заминаи моддию техникии марказ, он бо асбобҳои муосири мусиқӣ, либосҳои саҳнавӣ, студияи сабти овоз муҷаҳҳаз гардидааст.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ