ХАБАРИ МУХТАСАР ДАР БОРАИ ҶАМЪОМАДИ УМУМИИ ПОНЗДАҲУМИ СЕНАТИ ОЛИЙ МАҶЛИСИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

28 майи соли 2021 дар шаҳри Тошканд ҷамъомади умумии понздаҳуми Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.
Дар ҷамъомади умумӣ, ки дар шакли алоқаи видеоконфронс баргузор гардид, аъзои Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ ширкат варзиданд.
Ба кори ҷамъомади умумӣ Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоева роҳбарӣ кард.
Кори ҷамъомади умумӣ мустақиман дар веб-сомонаи расмии Сенати Олий Маҷлис ва саҳифаҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин дар шабакаи телевизиони «Ӯзрепорт» пахш гардид.
Дар ҷамъомади умумии чордаҳуми Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон сенатор А.Соатов қайд карда буд, ки аз сабаби он, ки иншооти обтозакунии филиали тирмизии КВД «Сувоқава» дар вилояти Сурхондарё ба дараҷаи бояду шояд кор намекунад, имкони тоза кардани оби ифлос вуҷуд надорад. Оби ифлос аксар вақт ба қамишзори соҳили Амударё, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, партофта мешавад, ки боиси зиёд шудани навъҳои гуногуни хомӯшакҳои зарарнок ва кана мегардад, ки дар натиҷа аҳолии шаҳр аз неши магас азият мекашанд.
Аз рӯи масъалаи мазкур ахбори раиси Кумитаи Сенат оид ба масъалаҳои аграрӣ, хоҷагии об ва экология Б. Тоҷиев шунида шуд.
Дар ҷараёни ҷамъомади умумӣ сенатор А. Добрих масъалаи иҷрои қарори Девони Вазиронро «Дар бораи тасдиқи рӯйхати объектҳои арзёбии мутобиқат дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки мутобиқаташон бояд тасдиқ карда шавад» ба миён гузошт, ки ин дар фаъолияти соҳибкороне, ки дар соҳаи нассоҷӣ кор мекунанд, мушкилот ба бор овардааст.
Омӯзиши масъалаи мазкур ба Кумитаи Сенат оид ба масъалаҳои буҷа ва ислоҳоти экологӣ супурда шуд.
Дар ҷамъомади умумии Сенати Олий Маҷлис ҳисоботи Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи иҷрои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бинобар ҷамъбасти соли 2020 ва семоҳаи якуми соли 2021 мавриди муҳокима қарор гирифт.
Қайд карда шуд, ки вобаста ба чораҳои карантинӣ афзоиши иқтисоди миллии ҷумҳурӣ бинобар ҷамъбасти соли 2020 то 1,6 фоиз коҳиш ёфт ва ҳаҷми ММД 580,2 триллион сӯмро ташкил дод. Ҳаҷми ММД дар семоҳаи 1-уми соли 2021 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 фоиз афзуд.
Сатҳи инфлятсия дар соли 2020 аз параметрҳои пешгӯишудаи муқарраргардида 12,5-13,0 фоиз камтар буд ва 11,1 фоиз ва дар семоҳаи 1-уми соли 2021 – 10,9 фоизро ташкил дод.
Даромади Буҷаи давлатӣ дар соли 2020 132,9 триллион сӯмро ташкил дод, пешгӯии 128,7 триллион сӯм 103,3 фоиз шуд ё 4 миллиарду 192 миллион сӯм зиёд шуд, ё нисбат ба соли 2019 20,8 триллион сӯм афзуд.
Дар семоҳаи аввали соли 2021 даромади Буҷаи давлатӣ 33,9 триллион сӯмро ташкил дод ё дар асл 2,0 триллион сӯм (106 фоиз), нисбат ба рақамҳои пешбинишуда 31,9 триллион сӯм барзиёд иҷро гардад. Даромад назар ба ҳамин давраи соли гузашта 5,4 триллион сӯм зиёд шуд.
Даромадҳои буҷетҳои маҳаллӣ дар соли 2020 27 триллиону 702,9 миллиард сӯм ё ки нисбат ба дурнамои дақиқшуда 110,9 фоизро ташкил доданд.
Дар семоҳаи аввали соли 2021 қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ нисбат ба дурнамо 116 фоиз (1,1 триллион сӯм зиёд) иҷро шуда, 7,9 триллион сӯмро ташкил дод ва хароҷот нисбат ба нақша 94,7 фоиз иҷро шуда 10,9 триллион сӯмро ташкил дод.
Хароҷоти Буҷаи давлатӣ дар соли 2020 100 фоиз таъмин гардида, 144,1 триллион сӯм ё 24,8 фоизи ММД, дар семоҳаи аввали соли 2021 — 34,1 триллион сӯм ё 26,6 фоизи ММДро ташкил дод.
Барои маблағгузории хароҷоти иҷтимоӣ дар соли 2020 аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ба маблағи 74,2 триллион сӯм ё 51,5 фоизи хароҷоти умумӣ, дар семоҳаи якуми соли 2021 — 18,2 триллион сӯм (53,3 фоизи хароҷоти умумӣ) ҷудо карда шудааст.
Хароҷоти буҷети маҳаллӣ нисбат ба нақша 104,8 фоиз иҷро шуда, 47,2 триллион сӯмро ташкил дод.
Дар тӯли соли 2020 хадамоти аудити дохилӣ ва назорати молиявӣ инчунин дар давоми 2726 тадбири назоратӣ ба маблағи умумии 309,2 миллиард сӯм норасоиҳои молиявӣ ва камбудиҳоро ошкор карданд, ки дар робита ба онҳо 1238 ҳуҷҷати санҷишӣ ба маблағи 223,4 миллиард сӯм барои дидани чораҳои қонунӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фиристода шуданд.

Барқарорсозии норасоиҳои молиявӣ ва камбудиҳои ошкоршуда ба маблағи 34,3 миллиард сӯм таъмин карда шуд ва дар натиҷаи андешидани чораҳои пешгирикунанда 165,8 миллиард сӯм пардохтҳои ғайриқонунӣ пешгирӣ карда шуданд.
Ҳангоми баррасии маърӯзаҳо дар ҷамъомади умумии Сенат ба масъалаҳои муҳими зерин ва ҳалли онҳо таваҷҷӯҳи асосӣ дода шуд:
— вазъи иҷрои даромадҳо ва хароҷоти Буҷаи давлатӣ бинобар ҷамъбасти соли 2020 ва семоҳаи якуми соли 2021, хароҷоти мақсадноки маблағҳои ҷудошуда;
— даромадҳое, ки аз рӯи андозҳо ва пардохтҳои гумрукӣ ҳисоб карда шудаанд, сатҳи ситонидани андоз, қарзи андоз, пардохтҳои барзиёд ҳангоми иҷрои дурнамои даромади Буҷаи давлатӣ, ки мақомоти андоз ва гумрук муқаррар кардаанд;
— иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ ва истифодаи мақсадноки даромади зиёда аз пешбинишуда бадастомада;
— ҳолати баҳисобгирии афкори ҷамъиятӣ тавассути портали «Буҷети кушод» аз ҳисоби қисми барзиёд иҷрошудаи буҷети маҳаллӣ;
– норасоӣ ва камбудиҳое, ки ҳангоми истифодаи маблағҳои буҷетӣ роҳ дода шудаанд, чораҳои пешгирии онҳо.
Мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 13 апрели соли равон, № ҚП-5072 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба таъмини иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар раванди буҷа» кушодани фонди «Буҷаи ташаббусҳои шаҳрвандӣ» дар шакли суратҳисоби ҷории ғайрибуҷетӣ (ҳамагӣ 205) бо мақсади равона намудани маблағҳо барои чорабиниҳое, ки дар асоси афкори умуми тамоми ҳокимиятҳои ноҳия ва шаҳр ташаккул ёфтаанд, инчунин пешгирии истифодаи ғайримақсадноки ин маблағҳо таъмин карда шуд.
Ғайр аз ин, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои 14 ноҳия ва шаҳрҳое, ки дар онҳо таҷриба гузаронида мешавад, 92,7 миллиард сӯм ҷудо карда шудааст, ки тибқи тартиби муқарраршуда ба буҷетҳои дахлдори маҳаллӣ интиқол дода шуданд. Ин маблағҳо ба фонди «Буҷаи ташаббусҳои шаҳрвандӣ» равона карда шуданд.
Дар асоси қарори Шӯрои Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 22 апрели соли 2021 № ҚШ-213-IV «Дар бораи таъмини иштироки аҳолӣ ҳангоми хароҷоти маблағҳои буҷети маҳаллӣ» Низоми намунавӣ дар бораи тартиби равона намудани маблағҳои буҷаҳои ноҳияҳо (шаҳрҳо) ба чорабиниҳое, ки дар асоси афкори умум ташаккул ёфтаанд, тасдиқ гардид.
Ба Шӯроҳои дахлдори ноҳиявӣ (шаҳрӣ)-и депутатҳои халқӣ вазифаи тасдиқ намудани Низоми ноҳиявӣ (шаҳрӣ), ки дар асосии Низоми намунавии тамоми ҳокимиятҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ) ташаккул ёфтааст, супурда шудааст.
То имрӯз дар 159 ноҳия ва шаҳрҳо аз ҷониби Шӯроҳои намояндагони халқи ноҳиявӣ (шаҳрӣ) дар асоси Низоми намунавӣ дар бораи тасдиқи тартиби равона намудани маблағҳои буҷа ба чорабиниҳое, ки дар асоси афкори умум ташаккул ёфтаанд, қарор қабул шуд. Ғайр аз ин, дар 46 ноҳия ва шаҳр лоиҳаи қарорҳо дар бораи тасдиқи Низоми мазкур барои баррасӣ дар иҷлосияҳои навбатии Шӯроҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ)-и вакилони халқ тақдим шуданд.
Қайд карда шуд, ки Сенат барои равона намудани маблағ дар ҳаҷми 5 фоизи хароҷоти умумии тасдиқшуда ва 30 фоизи даромади иловагии буҷаи маҳаллӣ барои маблағгузории чорабиниҳое, ки дар асоси афкори умумӣ ташаккул ёфтаанд ва харҷи мақсадноки онҳо назорати доимии парлумонӣ ҷорӣ хоҳад кард.
Аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарори дахлдори Сенат қабул шуд.
Сипас Стратегияи муваффақ шудан ба баробарии гендерӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон то соли 2030-юм баррасӣ гардид.
Тавре ки маълум аст, солҳои охир дар кишвари мо масъалаи баробарии гендерӣ то ба дараҷаи сиёсати давлатӣ бардошта шуд, 25 ҳуҷҷати қонунгузорӣ дар ин соҳа қабул гардиданд.
Дар Сенати Олий Маҷлис ташкил ёфтани Кумитаи оид ба масъалаҳои занон ва баробарии гендерӣ, Комиссияи доир ба масъалаҳои таъмин сохтани баробарии гендерӣ бо сарварии Раиси Сенат аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Ӯзбекистон ба масъалаи баробарии гендерӣ эътибори зиёд дода мешавад.
Дар таърихи Ӯзбекистон бори аввал миқдори бонувон дар парлумони миллӣ ба дараҷаи тавсияи дахлдори СММ расид.
Саҳми занон дар ҳизбҳои сиёсӣ ба 44 фоиз, дар соҳаи таълими олӣ ба 40 ва дар соҳибкорӣ ба 35 фоиз бардошта шуд. Занон ба соҳаҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, инноватсионӣ, энергетикӣ, муҳандисӣ васеъ ҷалб карда мешаванд.

Саҳми бонувон дар вазифаҳои роҳбарӣ ба 27 фоиз расидааст. Дар 81 вазорату идора захираи зиёда аз 15 ҳазор кадрҳое, ки аз занони пешқадаму соҳибмаълумот иборат мебошад, ташаккул ёфт.
Ба мақсади дастгирии иҷтимоиву иқтисодии занон ва кори нишонадор бо онҳо низоми «дафтари бонувон» ҷорӣ гардид.
Низоми сарпуш сохтани хароҷот барои таълими духтарони ниёзманд, ки падару модар ё худ яке аз онҳоро аз даст додаанд, занони танҳое, ки саробон надоранд, амал мекунад, миқдори грантҳо барои духтарон аз оилаҳои камтаъмин ҳангоми дохилшавӣ ба муассисаҳои таълими олӣ дучанд гардид.
Барои рушди соҳибкории занона ба беш аз 224 ҳазор бонувон дар ҳаҷми умумии 6,9 триллион сӯм вомҳои имтиёзнок ҷудо карда шуданд, ба онҳо «Бонки халқӣ» вобаста гардид, дар 14 минтақа марказҳои соҳибкории занона ташкил ёфтанд.
Низоми реабилитатсия ва обсозиши шахсоне, ки аз зӯроварӣ зарар дидаанд, куллан таҷдиди назар гардид.
Ислоҳоте, ки дар соҳа татбиқ мешаванд, ба мавқеи кишвари мо дар рейтингҳои байналмилалӣ таъсири мусбат мерасонанд.
Аз ҷумла, дар Индекси занон, тиҷорат ва ҳуқуқи Бонки умумиҷаҳонӣ Ӯзбекистон дар соли 2020-ум ба ҷумлаи 27 кишваре, ки дар соҳаи ҳуқуқи занон ва баробарии гендерӣ ислоҳоти назаррасро татбиқ мекунанд, дохил гардида, 5 зина боло рафт ва дар байни 190 мамлакат ҷойи 134-умро ишғол намуд (соли 2019-ум дар ҷойи 139-ум қарор дошт).
Сазовори зикр аст, ки Стратегияи муваффақ шудан ба баробарии гендерӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соли 2030-юм дар асоси дастурҳои дахлдори Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Қонун «Дар бораи кафолати ҳуқуқ ва имкониятҳои баробар барои занон ва мардон», мувофиқи ҳадафҳои дарозмуҳлат ва афзалиятҳои мамлакат, ки дар Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон муайян гардидааст, андешида шудааст. Ҳуҷҷати мазкур муносибати маҷмӯӣ барои ҷорӣ кардани раванди баробарии байни занону мардон дар тамоми соҳаҳо ва дараҷаҳои қабул ва иҷрои қарорҳоро дар бар мегирад.
Стратегия ҳамчунин ба пешбурди баробарии гендерӣ дар ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба мақсади фароҳам овардани шароит барои татбиқ сохтани ҳуқуқ ва имкониятҳои баробари занон ва мардон, ҳамчунин риоя кардани ҳуқуқҳои асосии инсон мусоидат хоҳад кард.
Стратегия масъалаҳои зерин, аз ҷумла таъмин сохтани таълими баробару босифат барои ҳама, фароҳам овардани имконият барои духтарони деҳот баҳри дарёфти таълими олӣ, муваффақ шудан ба баробарии гендерии занон, пешгирии зӯроварӣ ва савдои одамро фаро мегирад.
Бояд гуфт, ки самтҳои Стратегияи мазкур мувофиқи Ҳадафҳои рушди устувори СММ дар давраи то соли 2030-юм муайян шудаанд.
Вобаста ба ин Стратегияи муваффақ шудан ба баробарии гендерӣ асосан бинобар як қатор самтҳои бартаринок, бо назардошти вазифаҳои мақсаднок барои пешомади дарозмуҳлат татбиқ мегардад. Дар байни онҳо, аз ҷумла таъмин сохтани ҳуқуқ ва имкониятҳои баробар барои занону мардон дар хидматҳои давлатӣ, дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, муносибатҳои оилавӣ ва тарбияи кӯдакон, татбиқ сохтани ҳуқуқҳои интихоботӣ ҳастанд. Стратегия ҳамчунин буҷавӣ кунонидан ва бо маблағ таъмин кардани барномаҳои давлатиро бо назардошти чорабиниҳое, ки ба таъмин сохтани баробарии гендерӣ нигаронида шудаанд, пешбинӣ менамояд.
Чашм дошта мешавад, ки ба шарофати татбиқ сохтани Статегияи гендерӣ натиҷаҳои назаррас ба даст меоянд. Аз ҷумла, амалиёти ба вазифаҳои роҳбарии низоми болоӣ ва поёнии мақомоти давлатӣ таъин кардани занон вусъат пайдо мекунад. Дар мақомоти давлатие, ки эътидоли гендерӣ мавҷуд аст, намояндагии баробари занон ва мардон аз тариқи ҷорӣ намудани низоми квотаҳои муваққатӣ таъмин мегардад. Самаранокии кор бобати таъмин сохтани шуғл, фароҳам овардани шароитҳои сазовори меҳнат ва дастгирии занони аз ҷиҳати иҷтимоӣ беҳимоя ва камтаъмин, бахусус занон аз оилаҳое, ки дар деҳот зиндагӣ мекунанд, баланд мегардад, ҳамчунин бо шуғл фарогирии худӣ ба даст меояд. Аз ҳама муҳимаш, пешгирии ҳодисаҳои тангкунӣ ва зӯроварӣ нисбати занон дар ҷойи кор таъмин мешавад ва нуқтаи назари манфие, ки дар ҷамъият нисбат ба бонувон ташаккул ёфтааст, аз байн меравад.

Татбиқ сохтани Стратегияи гендерӣ ба иҷрои ӯҳдадориҳои миллӣ ва байналхалқие, ки дар заминаи ҳадафҳои стратегии Ӯзбекистон дар соҳаи таъмин сохтани ҳуқуқи инсон (Баённомаи Пекин ва Нақшаи амалиёт, Конвенсия дар бораи аз байн бардоштани тамоми шаклҳои тазъйиқ дар муносибат бо занон, Ҳадафҳо дар соҳаи рушди устувор ва ғайра) қабул шудаанд, мусоидат хоҳад кард.
Сенаторон таъкид намуданд, ки чунин масъалаҳои мураккаб, аз ҷумла таъмин сохтани баробарии гендерӣ дар ҷамъият, баланд бардоштани фаъолнокии иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодии занон танҳо вазифаи ба зиммаи сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ гузошташуда нест, дар ин кор бояд иштироки фаъоли ҳамагон пурзӯр карда шавад.
Дар асоси фикру ақидаҳои зикршуда қарори дахлдори Сенати Олий Маҷлис қабул гардид.
Бо ҳамин кори рӯзи аввали ҷамъомади понздаҳуми умумии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон анҷом ёфт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ