Дар Бухоро ҷашнвораи ХIХ анъанавии «Абрешим ва зиравор» давом дорад

Дар Бухоро ҷашнвораи ХIХ анъанавии «Абрешим ва зиравор» давом дорад. Аз ин рӯ куҳаншаҳри Бухорои шариф имрӯз чун одат «пироҳан»-и идона ба бар кардааст.
Аз ҷилваи матоъҳои абрешимин, хусусан ҷозибаи атласу адрасҳои рангинкамон, суруду рақсҳои дилангези дастаҳои ҳунарӣ боз дилҳо ба ҷӯшу хурӯш меояд. Меҳмонон аз дуру наздик субҳи 29 май аз қалъаи Арк ҷониби маҷмӯи Лабиҳавз ҳаракат карданд. Ҳамин тариқ, мувофиқи барномаи пешбинишуда тадбирҳои гуногун ба амал меоянд. Дар давоми се рӯз дар ин ҷо намоишу ярмаркаҳои абрешиму зиравор, ҳунарнамоии дастаҳои фолклории вилояту ноҳияҳо, асарҳои санъати тасвирию амалӣ, суратҳо, дарсҳои маҳорат, бозиҳои гуногуни миллию варзишӣ, намоиши мӯдҳои тарроҳони маҳаллию хориҷӣ, мусобиқаю тамошоҳои мароқовар, гала-консерт, фестивали рақси бачагона, барномаи консертии оркестри миллии симфонии «Ӯзбекистон», шаби мақом, маросими тантанавии анҷоми тадбир ба нақша гирифта шудаанд. Дар ҷашнвора бинобар 34 намуди ҳунармандии миллӣ бештар аз 1000 нафар, аз ҷумла зиёда аз 30 нафар ҳунармандони хориҷӣ иштирок мекунанд. Тадбири номбурда чун пештара бо ташаббуси якҷояи ҳокимияти вилоят, Иттиҳоди «Ҳунарманд»-и ҷумҳурӣ ва садорати вилоятии он, раёсати сайёҳӣ ва варзиши вилоят ва ғайра ба вуқӯъ меояд. Мақсад аз он инкишоф додан ва дар миқёси байналмилалӣ тарғиб кардани ҳунармандии миллӣ, васеъ гардондани алоқаҳои байниҳамдигарии ҳунармандон, пешбурди ҳунармандию сайёҳӣ, муҳимаш ба яке аз марказҳои асосии сайёҳӣ табдил додани Бухоро мебошад. Ин фестивал, ки дар он ҳунармандони моҳири Қароқалпоқистон, вилоятҳои ҷумҳурӣ, шаҳри Тошканд, инчунин Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва мутахассисони Ташкилоти сайёҳӣ, намояндагони сафоратхонаю созмонҳои байналхалқӣ иштирок доранд, бешубҳа, баҳри амалӣ гаштани ҳадафҳо ва боз ҳам вусъат ёфтани ҳамкориҳоямон хидмат мекунад.
Аллакай дар рӯзи аввали фестивал, меҳмонон маҳсули дастони худро дар растаҳои савдо ба фурӯш бароварданд. Мо дар байни онҳо атласу адрасбофони марғилонию намангонӣ, зираворфурӯшони ургутию тадбиркорони самарқандӣ ва соҳибкорони тошкандӣ, инчунин заргарони афғонистониро дидем. Бахтиёр Исроилови марғилонӣ бори сеюм аст, ки дар фестивал иштирок мекунад ва харидорони зиёд дорад. Зираворфурӯш аз деҳаи Сойғӯси ноҳияи Ургут Азимҷон Дӯстмуродов бошад, бори шашум ба шаҳри шариф ташриф овардааст. Ӯ аз он шод аст, ки бори дигар дидани дидори мардуми ба дилу дида наздик ба вай насиб гардид. Рӯдакии бузург беҳуда нагуфтааст:
Ҳеҷ шодӣ нест, андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯи дӯстон.
Моҳияти иди дӯстӣ ва зебоӣ – ҷашнвораи «Абрешим ва зиравор» низ ҳамин аст.

Амрулло АВЕЗОВ, хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ