Дар Ветнам навъи нави коронавирус ошкор шуд

Олимон аз Ветнам навъи нави коронавирусро, ки аз таркиби навъи бритониёӣ ва ҳиндии SARS-CoV-2 иборат будааст, ошкор карданд.
Дар ин бора вазири тандурустии кишвар Нгуен Тхан Лонг хабар додааст.
Бино бар тадқиқотҳои пешакӣ, навъи таркибии коронавирус гузарандатар ва тариқи ҳаво зудтар паҳн мешавад.
Дар ҳамин ҳол, шумораи гирифторони нави коронавирус дар Ветнам афзоиш ёфтааст. Тибқи маълумоти СУТ, дар ҳоли ҳозир дар кишвар 6356 ҳолат ба қайд гирифта шудааст.
Бояд қайд кард, ки ҳар қадар вирусҳо гардиш кунанд, ҳамон қадар зиёдтар метавонанд тағир ёбанд.
Ин тағиротҳо баъзан метавонанд варианте пайдо кунанд, ки нисбат ба варианти аввалин ба муҳити атроф беҳтар мутобиқ карда шаванд.
Қаблан роҳбари Иттифоқи табибони Ҷопон Наото Уеяма ҳушдор дода буд, ки баргузории Олимпиада дар Токио метавонад вазъи эпидемиологиро ба таври ҷиддӣ печида кунад ва ҳатто дар пайдоиши варианти «олимпӣ» -и коронавирус мусоидат кунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ