Ҳайвонотро низ аз коронавирус эм мекунанд

Дар Русия эмкунии ҳайвонот сар шуд.
Онро чӣ дармонгоҳҳои давлатӣ ва чӣ ғайридавлатӣ анҷом медиҳанд.
Бештар соҳибони ҳайвонҳое муроҷиат мекунанд, ки зуд-зуд ба саёҳат мебароянд.
Дирӯз ба шаҳрҳои Русия гурӯҳи нахустин ваксина зидди коронавирус ба ҳайвонот Карнивак-Ков равон карда шуд.
Он аз ҷониби олимони Хадамоти назорати хоҷагии қишлоқи Русия коркард шудааст.
Ин ваксинаро, ки ҳайвонотро аз коронавирус муҳофизат мекунад, 31 март ба қайд гирифтаанд.
Қисми аввали ин ваксина дар ҳаҷми 17 ҳазор доза 30 апрели соли ҷорӣ ба истифода дода шуд.
Пешакӣ онро дар саг, гурба, рӯбоҳ ва дигар намуди ҳайвонот озмоиш карданд.
Арзиши ду дозаи ваксина 500 долларро ташкил медиҳад.
Бойтор пеш аз эмкунии гурбаро дар дасташ медорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ