Ӯзбекистон

33,89 миллиард сӯм ҷубронпулӣ супорида шуд

Доир ба таъмини иҷрои вазифаҳое, ки Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Ш. Мирзиёев 11-уми январи соли 2019 дар рафти сафараш ба вилояти Самарқанд муайян кардааст, дар баъзе гӯшаҳои шаҳри Самарқанд корҳои кӯчонидани биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ амалӣ мегарданд.
Дар асоси фармойиши Девони Вазирон аз 7-уми майи соли 2019 таҳти рақами 337 барои мувофиқи тартиби ҷорӣ анҷом додани ин корҳо аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ ба буҷаи маҳаллии вилоят бо шарти то анҷоми сол баргардонидан 150 миллиард сӯмина қарзи кӯтоҳмуддат ҷудо карда шуд.
Имрӯзҳо дар шаҳри Самарқанд барои соҳибони 160 объекте, ки дар ҳудуди корҳои бунёдкорӣ иҷрошаванда ҷойгиранд, 33,89 миллиард сӯм чун ҷубронпулӣ маблағгузорӣ гардида, мувофиқи тартиби ҷорӣ корҳои кӯчонидан иҷро мешаванд.
Ҳоло бо мақсади рушди инфрасохтори шаҳрсозӣ ва ривоҷдиҳии потенсиали сайёҳии шаҳри Самарқанд сарнақшаи шаҳр то соли 2040 аз тарафи Корхонаи унитариву давлатии «ТошкентбошпланЛИТИ» якҷоя бо мушовир-­меъморон аз нав таҳия карда мешавад. Инчунин, лоиҳаи қисми таърихии шаҳр аз нав омода мегардад.
Дар сарнақша ташкили минтақаи сайёҳии «Самарқанд Сити», дар ин ҳудуд сохтани объект­ҳое, чун толори конгресс, меҳмонхонаҳо ва дигар масканҳои хизматрасонӣ барои гузаронидани саммити навбатии Ташкилоти ҳамкории Шанхай, ки соли 2022 дар шаҳри Самарқанд гузаронида мешавад, ба нақша гирифта шудааст. Ё.ГАДОЕВ.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ