Бори аввал дар таърих аз Эрон ба ИМА нафт ворид карда шуд

Дар моҳи марти соли 2021, ИМА бори аввал дар таърих аз Эрон як миллион бушка нафт ворид кард. Дар ин бора Интерфакс бо такя ба Вазорати энергетика хабар додааст.

Вазорати энергетикаи ИМА аз соли 1981 инҷониб омори дахлдорро нигоҳ медорад. Дар ин давра, воридоти 1,1 миллион бушка маҳсулоти нафтӣ аз Эрон ба ИМА дар моҳи октябри соли 2020 танҳо як бор сабт шудааст.

Таҳримҳои нафтӣ алайҳи Эрон аз ҷониби маъмурияти ИМА моҳи ноябри соли 2018 ҷорӣ карда шуд. Дар тӯли якуним соли охир ИМА ба ҳашт кишвар иҷозат додааст, ки нафти Эронро ворид кунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ