Саволҳои мантиқӣ бо ҷавобҳояш

Як зумра саволҳои мантиқӣ дар ин ҷой гирд оварда шудаанд, ки бо худ ҷавобҳои тайёр доранд ва барои ёфтани посухи дуруст мушкилӣ намебинед. Ба назар гирифт, ки саволҳои маниқӣ хеле шавқовар аст ва бо кӯдакони худ онҳоро баррасӣ кардан диққати онҳоро ҷалб мекунад.

Бигузор лаҳзаҳои шумоён фоидаовару шавқовар бошад! Ин барнома нест балки матн ва хонданаш осону шафоф аст. Ҳар касе, ки масъалаҳои мантиқиро зуд дуруст ҳал мекунад пас вай дар ҳаёташ мушкилиҳои зиндагиро тезтар баратараф карда метавонад. Барои чунин одамон дониши зиёд хеле кумак мекунад ва онҳо соҳиби сарвати зиёди иловагӣ метавонанд шаванд.

  1. Кадом калима доимо нодуруст навишта мешавад?
    Ҷавобаш: калимаи «Нодуруст».
  2. Дар як сол шумораи чанд моҳ 28-рӯз дорад?
    Ҷавоб: Ҳаммаи 12-моҳ.
  3. Саг бо кадом суръат давад, то инки садои сатили дар занҷираш басташударо нафаҳмад?
    Ҷавоб: бо суръати «0». Яъне саг бояд ҳаракат накунад. Ё Агар ҳаракат кунад ҳам пас бо суръати кам аз 0,1милиметр дар як сония.
  4. Дар гардани гов банди 10-метра баста шуда буд вале вай 100 метр рафта тавонист. Бигӯед, ки вай чи хел ин корро карда тавонист?
    Ҷавоб: Банди гов ба ягон ҷой баста нашуда буд.
  5. Чи хел аз хонаи 10-ошёна ба замин ҷаҳем, то инки пойро нашиканем?
    Ҷавоб: Аз ошёнаи якум.
  6. Бо чашми пӯшида чиро дидан мумкин?
    Ҷавоб: Хобро дидан мумкин.
  7. Чиз дар об ғарқ намешавад ва ҳам намесӯзад?
    Ҷавоб: Ях.
  8. Вазни як кило пахта вазнин аст ва ё вазни як кило себ вазнин мебошад?
    Ҷавоб: Ҳардуи онҳо як хел вазн доранд. Ягонтаи онҳо вазнин нисбати дигараш нест.
  9. Агар одами сабзро бинем чи бояд кард?
    Ҷавоб: Роҳро бояд гузашт (сурати одами сабз дар чароғакҳои роҳҳои автомобилӣ ҳаст)
  10. Дар замонҳои қадим амборро одамон аз хонаҳои худ дуртар месохтанд, ки сабабаш дар чи буд?
    Ҷавоб: Сӯхтор – оташ ба амбор нарасад.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ