Ҷаҳон

Ҳавопаймоҳои ширкати “Finnair” бо биосӯзишворӣ парвоз мекунанд

Ширкати ҳавопаймоии “Finnair” парвоз бо сӯзишвории биологиро роҳандозӣ кард. Ҳоло ҳавопаймоҳое, ки аз Хелсинки ба Сан-Франсиско парвоз мекунанд, аз биосӯзишворӣ истифода мебаранд. Сӯзишвории биологӣ аз равғани истифодашуда дар ошхонаҳо истеҳсол мегарданд. Дар ҳоли ҳозир “SkyNRG” ягона ширкатест, ки ба истеҳсоли биосӯзишворӣ пардохтааст. Ин ширкат дар Калифорния ҷойгир мебошад.Истифода аз биосӯзишворӣ дар чорчӯби ташаббуси “Push for change” амалӣ мегардад, ки ҳадафи он коҳиш додани ифлосшавии ҳаво аз карбонат ангидрид мебошад.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ