31-уми май– Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди тамокукашӣИбрат – омили муҳими муборизаи зидди кашандагӣ

Солҳост, ки рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди тамокукашӣ қайд карда мешавад. Дар доираи он тадбирҳои гуногуни тарғиботӣ доир мегарданд. Одамон беш аз пеш зарари тамокукаширо мефаҳманд. Мутаассифона, маълумотҳои ин самт тасаллибахш нестанд. Дар онҳо оварда шудааст, ки ҳар сол беш аз се миллион тамокукашҳои ашаддӣ аз ҳаёт бармаҳал чашм мепӯшанд.
Мо аз чанд нафар одам пурсидем, ки ба тамоку кашидани онҳо чӣ сабаб шудааст? Ягонтои онҳо далелу бурҳони асосноке оварда натавонистанд, танҳо рафиқони ҷавониашон ва ё онҳоеро, ки сабаби тамокукаш шуданашон гардидаанд, мазаммат карданд.
Инчунин, аз чанд нафар боиси тамоку накашидани онҳоро пурсидем ё ки бо сабабе онро худи онҳо ҳикоя карданд.
Усто Ғаффор Ҳамидови боғибаландӣ боре дар бораи ин масъала чунин нақл карда буд:
– Ҳангоми таҳсил дар синфҳои ибтидоии мактаб яке аз ҳамсинфони мо пасмондаи сигор ва гӯгирд оварда, дар танаффус дар пушти мактаб онро кашид. Рӯзи дигар мо ду-­се нафар ба вай ҳамроҳ шудем. Ба назарамон сигор кашем, гӯё тезтар ба воя мерасидем. Сирри моро муаллимаамон фаҳмидаанд. Он кас номи ҳеҷ яки моро нагуфтанд, моро таъна накарданд, вале аз кисаашон пасмондаи сигореро бароварда, аз киса рӯмолчаи сафеде гирифтанд ва сигорро гиронда, ба воситаи рӯмолча онро кашиданд. Сипас рӯмолчаро ба мо нишон доданд. Мобайни он ранги зард гирифта буд.
– Ман шунидам, ки чанд нафари шумо сигор мекашидед, бинобар ин дар таҷриба зарар доштани онро нишон додам. Аз сигоркашӣ шуши шумо низ чун рӯмолча зард ва худатон бемор мешавед. Ман вақт надорам, ки аз паси шумо, сигор накашад гуфта, поида гардам… Худатон хулоса бароред…
Баъди ҳамин ягон нафар ҳамсинфи мо дигар ба даст носу сигор нагирифт.
Ин ҳикояро устобобо қариб ним аср пеш ҳикоя карда буданд. Ин ба назар воқеаи оддӣ менамояд, вале, илоҳо, муаллимаро Парвардигор ба раҳматаш гирифта бошад, аз ин таҷрибаи оддӣ хонандагони як синф аз одати бад даст кашиданд. Хулоса, ибрат бе ҳеҷ шубҳа яке аз омилҳои муҳими мубориза бар зидди тамокукашӣ будааст.
Аз ҳамин сабаб, дар мактаб ва дигар ҷойҳои ҷамоатӣ сигор кашидан манъ шудааст. Дар оила низ аввало мо – калонсолон бояд ба ҷавонон ибрат шавем.

Мирзо МАСЪУЛ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ