Ҳабиб ба суханҳои Кадиров ҷавоб гуфт

Собиқ қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмагамедов дар бораи низоъи худ бо Кадиров шарҳ дод ва ин низоъро ҳал шуда ҳисобид.

“Чӣ тавр низоъ дар як канор ҳал шудааст? Ман нахостам, ба ин гуфтаҳо аҳамият диҳам ягон амали дигар кунам. Ман ҳамаашро нодида гирифтам. Дар ҳақи ман чунин корҳо ҳам хубу, ҳам бад зиёд шудааст. Ман иштиёқи ҷавоб додан ва аҳамият додан ва ё ягон чиз гуфтанро надорам. Ҳар як кас фикри худро дорад, бигузор ҳамин гуна бошад. Ман пахши мустақими Рамзан Қодировро тамошо накардам, ман танҳо чизеро, ки мардум менавистанд хондам. Худро чӣ гуна ҳис кардед? Ягон хел. Ҳамаи ҷаҳон дар бораи ман гап мезанад. Ман дар ибораи “лоиҳаи UFC” ягон сухани ҳақоратомезро намебинам”, — хабар медиҳад хабарнигори “Чемпионат” Игор Брагин.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ