COVID-19: назаре ба вазъ дар кишварҳои ҷаҳон

Аз аввали ҳамагирӣ дар олам 171 миллиону 040 ҳазору 052 ҳодисаи сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. То кунун аз ин беморӣ 3 миллиону 556 ҳазору 935 нафар ҷон бохтаанд ва 153 миллиону 334 ҳазору 291 нафар пурра муолиҷа шудаанд.

Вазорати тандурустии Колумбия рӯзи шанбе аз марги 540 нафар дар як шабонарӯз аз коронавирус хабар дод, ки баландтарин нишондиҳанда аз аввали ҳамагирист.

Дар Туркия шабонарӯзи гузшта аз озмоиши 220 162 нафар 7656 мубталои нав ба КОВИД-19 ба қайд гиифта шудааст ва 137 нафар фавтидаанд. То кунун шумори сироятшудагон дар ин кишвар ба 5 миллиону 242 ҳазору 911 нафар ва фавтидагон ба 47 405 нафар расидааст.

Юнон аз сирояти боз беш аз 900 нафар дар шабонарӯзи гузашта хабар дод ва шумори умумии мубталоён ба SARS-CoV-2 дар ин кишвар ба 401 301 нафар расидааст ва 12 054 нафар аз COVID-19 ҷон бохтаанд.

Миср аз ҳафт ҳодисаи сироят ба мукормикоз дар вилояти Шарқияи кишвар хабар дод.

Дар Кореяи Ҷанубӣ зарфи 24 соати гузашта 480 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. Теъдоди умумии мубталоён дар ин кишвар ба 139 9120 нафар расид.

Дар Ветнам штамми нави коронавирусро сабт карданд ва ҳукуматдорон онро гибриди штамми ҳиндуву британиёӣ номидаанд. Он хеле ба осонӣ ба ҳаво партов мешавад ва ба осонӣ аз одам ба одам мегузарад.

40 ҳодисаи нави сироят ба SARS-CoV-2 дар Молдова кашф шудааст ва вазорати тандурустии ин кишвар гуфтааст, ки шумори олудашудагон ба 255 145 ва фавтидагон ба 6104 нафар расидааст.

Дар Белорусия дар шабонарӯзи гузашта бештар аз 1 ҳазор мубталои нав ба қайд гирифта шуда, шумори умумии гирифторон ба 393 807 нафар расидааст ва 2841 нафар аз аввали ҳамагирӣ ҷон бохтаанд.

Шабонарӯзи гузашта дар Украина 1703 сироятшудаи нав ба SARS-CoV-2-ро сабт карданд. Бино ба маълумоти вазорати тандурустии ин кишвар ҳоло дар Украина 2 миллиону 201 ҳазору 472 нафар чун сироятшуда ба SARS-CoV-2 сабт шудааст ва 50 472 нафар фавтидаанд.

Дар кулли вилоятҳои Русия шабонарӯзи гузашта 9694 нафар чун мубталои нав ба қайд гирифта шуда, 355 тан фавтидаанд. Аз аввали падемия дар Русия 5 063 442 нафар сироят шудаву 121 162 нафар ҷон бохтаанд ва шумори муолиҷашудагон 4 667 870 нафар эълон шудааст.

Шумори мубталоён ба SARS-CoV-2 дар Қазоқистон ба 385 144 нафар расидаву 3 935 нафар фавтидаанд.

Теъдоди олудашудагон ба КОВИД-19 дар Қирғизистон ба 104 555 расидааст ва 1 803 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ