Маҳаллаҳое ҳастанд, ки бинои хидматрасонии худро надоранд

Дар Хонаи матбуоти вилоят бо иштироки ҳокими шаҳр Бобурмирзо Облоқулов анҷумани матбуотӣ баргузор гардид. Ҳадаф аз анҷуман гузоштани вазифаҳои мушаххас оид ба ташкили системаи нави «Маҳаллабай» ва расонидани иттилоот дар бораи корҳое, ки ҳокимияти шаҳри Самарқанд мувофиқи он анҷом додааст, мебошад.
Ҳокими шаҳр Б. Облоқулов ба рӯзноманигорон ва блоггерҳо дар бораи ободонӣ ва корҳои созандагӣ дар маҳаллаҳои Самарқанд ва таҳкими заминаи моддию техникии онҳо маълумоти муфассал дод.

  • Ҳоло, дар шаҳри Самарқанд 215 маҳалла вуҷуд дорад, ки дар онҳо 553 ҳазору 500 нафар аҳолӣ, 117 ҳазору 595 хонадон ва 159 ҳазору 950 оила зиндагӣ мекунанд. Аз ҷумла, 51 фоизи аҳолиро зан-духтарон ташкил медиҳанд, — гуфт ҳокими шаҳр. — Дар шаҳр 15 маҳаллае мавҷуданд, ки бинои хидматрасонии худро надоранд. Ҳамчунин, заминаи моддию техникӣ 11 маҳалла дар сатҳи зарурӣ нест.
    Ба гуфтаи Б.Облоқулов дар шаҳр 21 то маҳалла дар 1 утоқ, 32 то маҳалла дар 2 утоқ, 41 то маҳалла дар 3 утоқ фаъолият доранд. Шумораи маҳаллаҳои дар 4 ва зиёда ҳуҷраҳо фаъолиятдошта 118 то мебошанд. Имсол маҳаллаҳои “Маданият”, “Орзу”, “Увайсӣ” дар заминаи шарикии давлат ва маҳаллаҳои “Ургути” ва “Боғи Темур” бо роҳи ҳашар ба истифода супурда шудааст.
    Барои реконструксияи 12 маҳалла, аз ҷумла “Сиёбча” (600 млн. сӯм), “Ҳофизи Шерозӣ” (100 млн. сӯм), “Дӯстлик” (120 млн. сӯм), “Сарбадорлар” (15 млн. сӯм), “Иброҳимхоҷа” (15 млн. сӯм), “Регистон” (15 млн. сӯм), “Ширин” (40 млн. сӯм), “Халифа Иброҳим” (10 млн. сӯм), “Баҳор” (20 млн. сӯм), “Маърифат” (20 млн. сӯм), “Ипак Йӯли” (15 млн. сӯм) ва “Меҳнат” (15 млн. сӯм) дар маҷмӯъ барои навсозӣ ва таъмири маҳалла аз буҷаи маҳаллии вилоят ва шаҳр 850 миллион сӯм ҷудо карда шудааст. Имрӯзҳо таъмири пурраи биноҳои ин маҳаллаҳо идома дорад.
  • То охири сол дар заминаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ 9 маҳалла ва тавассути ҳашар 1 маҳалла бо бинои хидматрасонӣ таъмин мешаванд. Инчунин то охири семоҳаи дуюми соли равон 215 раисони маҳалларо бо планшетҳо таъмин намуда, 96 маҳалларо бо мебел таъмин кардан ба нақша гирифта шудааст, — мегӯяд Б.Облоқулов.

Шаҳзод Кенҷаев

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ