Онлайн-­поликлиника: он барои беморон чӣ афзалиятҳо дорад?

Маълум, ки имрӯзҳо дар соҳаи рақамисозии корхонаву ташкилотҳо дар тамоми ноҳияву шаҳрҳои ҷумҳурӣ чораҳо андешида мешавад. Ин барои боз ҳам осон намудани вазифаи кормандон ва босифат гаштани хизматрасонӣ мусоидат мекунад. Навбатҳои дуру дароз кӯтоҳ гардида, дар дари корхонаҳо норозигии мардум шунида намешавад.
Бо ин мақсад рӯзи 28-уми майи соли равон дар бораи корҳое, ки дар самти рақамисозии соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Тайлоқ анҷом меёбанд, бо ҳамкории ҳокимияти ноҳия ва Сарсадорати молияи вилоят пресс-­тур гузаронида шуд.
Шароитҳо дар «онлайн-­поликлиника» чӣ тавр аст?
Имрӯз дар Маркази бисёрсоҳавии тиббӣ, Беморхонаи вилоятии хастагии чашм, Диспансери кардиологии вилоят, филиали самарқандии Маркази ҷумҳуриявии илмӣ-­амалии махсуси травматология ва ортопедия, шӯъбаи тибби ноҳияи Тайлоқ ва Диспансери касалиҳои пӯст барномаи technomed.uz насб ва ба кор дароварда шудааст.
Бо ин мақсад аз буҷа бештар аз 1 миллиард сӯм ҷудо шудааст. Тавассути ин система, ҳамаи амалҳои марҳилавӣ, аз қабили сабти номи бемор, қабули шифокор, ташхиси духтур, рӯйхати доруҳо, рӯйхати муолиҷа, ҷавобҳои лаборатория, фаъолияти ҳаррӯза, ҳафтаина, моҳонаи духтурон ва ғайра дар интернет ва имконияти дидани он дар система дастрас мебошад.
Ғайр аз ин, тавассути ин барнома даромади пулакии беморхона афзоиш ёфт. Аз ҷумла, шӯъбаи ёрии таъҷилӣ, реаниматсия, шӯъбаи қабул ва поликлиникаи марказии бисёрсоҳавии ноҳия таъмир шуд. Дохили ин биноҳо аз ҳисоби маблағи худи иттиҳодия бо 70,0 миллион сӯм обод гардид.
– Ҳоло дар поликлиникаи бисёрсоҳавии марказӣ барои 334 нафар ҷой ҳаст, аз ҷумла 320 ҷои буҷавӣ ва 14-тои он дар ҳисоби шӯъбаҳои реабилитатсияи хоҷагӣ мебошанд, – гуфт роҳбари Иттиҳодияи тиббии ноҳияи Тайлоқ Улуғбек Усмонов. – Имрӯзҳо соҳаи рақамисозии маълумотҳо яке аз омилҳои муҳим ба шумор меравад. Бо ин мақсад дар ҳамкории Сарсадорати молияи вилоят, Садорати ҳифзи тандурустии вилоят, ҳокимияти ноҳия ба Иттиҳодияи тиббӣ барномаи «Техномед» ҷорӣ шуд. Ин барои ходимони мо имконияти сарфаи вақт ва хизматрасонии босифатро фароҳам меовард. Бояд таъкид намуд, ки барнома садди роҳи коррупсия низ мебошад.
«Ҷумъабозор» – пункти шифокори оилавӣ
– Дар назди бинои пункти шифокори оилавии «Ҷумъабозор» 40 кати хобии реабилитатсия сохта мешавад. Таъсиси 28 ҷои нави корӣ дар нақша аст. Бо ин мақсад 250,0 млн. сӯм сарф карда шуд. Барои хариди 14 намуди таҷҳизоти физиотерапия, 8 намуди таҷҳизоти варзишӣ шартномаҳо ба имзо расиданд. Асбобҳои вайроншудаи тиббӣ дар муддати 6 моҳ таъмир шуд. Бо ин мақсад 18,0 млн. сӯм сарф карда шуд, – гуфт Қаҳҳор Низомов раиси Шӯрои ноҳиявии Ҳизби халқӣ демократии Ӯзбекистон.
Маркази маданияти ноҳияи Тайлоқ
Дар ноҳияи Тайлоқ 4 маркази маданият мавҷуд аст. Яке аз онҳо маркази фарҳангии рақами яки маҳаллаи «Шопӯлот» мебошад. Бинои ин марказ соли 1980 сохта шуда, сатҳи умумии замин 0,44 гектарро ташкил медиҳад.
– Бино тибқи Фармони Президентамон «Дар бораи тасдиқи Консепсияи рушди минбаъдаи фарҳанги миллӣ дар Ҷумҳурияти Ӯзбекистон» дар асоси барномаи давлатии соли 2020 ба маблағи 2 миллиарду 970 миллион сӯм таъмир карда шуд, – гуфт мудири шӯъбаи маркази маданияти рақами якуми ноҳияи Тайлоқ Ғазал Сироҷиддинов. – Маркази фарҳангӣ ба 40 ҳазор нафар хизмат мерасонад. Дар марказ китобхонае таъсис дода шудааст, ки бо 900 адад китобу маҷаллаҳо таъмин гардидааст. Дар ин ҷо 6 маҳфил, аз ҷумла сурудхонӣ, рақс, рубоб-­доира, мақом ташкил шудааст.
Бо мақсади таҳкими пойгоҳи моддию техникии марказ, он бо асбобҳои муосири мусиқӣ, либосҳои саҳнавӣ, студияи сабти овоз муҷаҳҳаз гардидааст.

Шаҳзод КЕНҶАЕВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ