Чаро ронандаҳо ба ҷадвали ҳаракат риоя намекунанд?

«Чаро баъзе ронандаҳо дағалӣ мекунанд?», «Сабаби бо якдигар «мусобиқа» кардани автобусҳо чист?» ва ба ин гуна саволҳои дигари журналистон мудири шӯъбаи Садорати нақлиёти вилоят Эргаш Муродов посух дод:
– Мо ҳамаи инро медонем. Сабаби асосиаш бештар пул чиндан аст. Чунки ронандаҳо нақша (план) доранд ва бояд онро иҷро кунанд. Албатта, мо нисбати ин гуна рафтори ронандаҳо чора мебинем. Масалан, дар зарфи моҳҳои гузаштаи соли равон бо 52 нафар сӯҳбат гузаронидем. Ба 40 нафар «ҳайфи ту» додем, се нафар ронандаро аз кор сабукдӯш кардем.
Журналистон ба як қатор саволҳо, аз қабили тамба шудани нақлиёт, ҳаракати сусти автобусҳо, банкрот шудани баъзе автобазаҳо, ба ном вуҷуд доштани лавҳаи ҷадвали ҳаракати автобус дар истгоҳҳо, ҳолати нохуши ист­гоҳҳои нақлиёт, барзиёд гирифтани роҳкиро ва ғайра дар рафти анҷумани матбуотие, ки дар Хонаи матбуоти вилоят бахшида ба хизматрасонии нақлиёти мусофиркашон баргузор гардид, ҷавоб гирифтанд.
Ҷонишини сардори Садорати нақлиёти вилоят Ҷӯрабек Қорҷовов ҳозирини анҷуманро бо вазъи имрӯзаи соҳа шинос намуд. Маълум гардид, ки ҳоло дар 394 самт хизматрасонии нақлиётии мусофиркашонӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, дар 344 самт 710 автобус ва дар 7604 хатти ҳаракат таксиҳои бесамт ба мардум хизмат мерасонанд. Ҳаракати нақлиёт дар 50 самт муваққатан боздошта шудааст. Тадбиркорон ба чунин иқдом аз сабаби паст будани даромади ин хатсайр­ҳо, хароҷоти воситаҳои нақлиётро пӯшонида натавонистани онҳо даст задаанд.
Дар шаҳри Самарқанд дар автобусҳо ба ҷойи 61 самт дар 49 самт автобусҳо ҳаракат мекунанд. Ба ин самтҳо 389 автобус ҷудо карда шудааст. Инчунин, дар шаҳри Самарқанд 2571 адад таксиҳои бесамти зард фаъолият доранд. Дар самтҳои байналхалқӣ 651 адад мошинҳои боркаш хизмат мерасонанд.
Ҷӯрабек Қорҷонов дар рафти анҷуман ба журналистон оиди инфрасохтори соҳа ва баланд бардош­тани сифати хизматрасонии нақлиётӣ маълумот дод. Бо реҷаи корҳои то моҳи сентябр амалишаванда шинос кард.

М.ҶУМЪАЗОДА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ