Даромади Рамазон Қодиров дар ду сол 50 маротиба зиёд шудааст

Роҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров дар охири соли 2020 сарватмандтарин ҳокими Русия ба ҳисоб меравад. Дар ин бора «Открытые медиа» хабар медиҳад.
Ҳамин тавр, тибқи феҳристи манбаъ дар тӯли 12 моҳи охир даромади Қодиров беш аз 381 миллион рублро ташкил додааст. Дар ин феҳрист дар ҷои дувум ҳокими минтақаи Марий Эл Александр Евстифеев ҷой гирифтааст, ки даромадаш ҳамагӣ 84,7 миллион рублро ташкил медодааст. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо даромади роҳбари Чеченистон фарқияти назаррас дорад.
Ҷои сеюмро дар даҳгонаи сарватмандарин ҳокимҳои Русия ҳокими вилояти Маскав Андрей Воробёв ишғол кардааст. Даромади ӯ 79,8 миллион рубл будааст. Ғайр аз ин чанд нафар ба даҳгонаи сарватмандтарин ҳокимҳои Русия ворид шуданд:

  • Игорь Артамонов – вилояти Липецк (69,2 миллион рубл);
  • Александр Усс – сарзамини Красноярск (30,1 миллион рубл);
  • Дмитрий Артюхов – Ноҳияи худгардони Ямало-Ненитс (25,2 миллион рубл);
  • Дмитрий Азаров – вилояти Самара (наздик ба 24 миллион рубл);
  • Олег Кожемяко – сарзамини Приморск (23,6 миллион рубл);
  • Валерий Лимаренко – вилояти Сахалинск (20,7 миллион рубл);
  • Антон Алиханов – вилояти Калининград (20,4 миллион рубл).
    Ҳамин тавр, даромади Қодиров аз даромади умумии 9 ҳокими Русия болотар будааст. Тибқи эъломияи роҳбари Чеченистон, даромади ӯ дар зарфи ду сол 50 маротиба афзоиш ёфтааст.
    Дар соли 2020, ӯ тақрибан 381,19 миллион рубл, дар соли 2019 — 148 миллион даромад ба даст овардааст. Аммо дар соли 2018 бошад даромади Қодиров аз 10 миллион рубл зиёд набуд.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ