ВАКСИНАИ ЧИН БАРОИ ИСТИФОДАИ ФАВҚУЛОДДА ТАСДИҚ ГАРДИД. САБАБ…

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) ваксинаи чинии бар зидии коронавирус «Sinovac»-ро барои истифодаи фавқулода дар ҷаҳон тавсия дод. Тавре ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора дирӯз, 1 июн, қароргоҳи СУТ дар Женева иттилоъ дод.
«СУТ имрӯз ваксинаи «Sinovac-CoronaVac»-ро бар зидди COVID-19 барои истифодаи фавқулода тасдиқ кард ва ба кишварҳо, фондҳо, агентиҳои харид ва ҷамоаҳо кафолат дод, ки он ба стандартҳои байналмилалии бехатарӣ, самаранокӣ ва истеҳсолот ҷавобгӯ аст», — гуфта мешавад дар иттилоия.
Ин ваксина аз ҷониби ширкати дорусозии «Sinovac», ки дар Пекин қарор дорад, истеҳсол мешавад. «Ҷаҳон ба ваксинаҳои зиёди COVID-19 сахт ниёз дорад, то ки норасоии бузурги баробарӣ ба дастрасӣ [доруҳои эмгузаронӣ] дар ҷаҳон аз байн бурда шавад. Мо истеҳсолкунандагонро даъват менамоем, ки дар механизми COVAX иштирок карда, ноу-хау ва маълумоти худро мубодила намоянд ва дар назорати пандемия кумак кунанд», — гуфт ёвари директори генералии СУТ Марианҷела Симао.
Бояд тазаккур дод, ки шомил кардани ваксина ба рӯйхати доруҳои тавсиякардаи СУТ барои истифодаи фавқулода шарти пешакии харид ва таъминоти байналмилалӣ тавассути COVAX мебошад. Илова бар ин, он ба кишварҳо имкон медиҳад, ки расмиёти дохилии худро барои тасдиқи воридот ва истифодаи ваксинаҳо бар зидди COVID-19 тезонанд, шарҳ доданд дар СУТ. Созмон ба механизми COVAX аҳамияти калон медиҳад. Тибқи шартҳои барнома, кишварҳои дорои даромади баланд гирифтани ваксинаҳоро барои кишварҳои камдаромад ба ҳар сари аҳолӣ пардохт мекунанд.
То имрӯз ба рӯйхати истифодаи ҳолатҳои фавқулоддаи СУТ шаш дору шомиланд: ваксинаи ширкати чинии «Sinopharm», ваксинаи «Comirnaty», ки онро «Pfizer»-и ИМА ва BioNTech-и Германия якҷоя таҳия кардаанд, доруи ширкати «Janssen», ки бахши амрикоии «Johnson & Johnson» мебошад, ваксинаи ширкати америкоии «Moderna» ва инчунин ду намуди ваксинаи ширкати британӣ-шведии «AstraZeneca» ва Донишгоҳи Оксфорд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ