Саломатӣ

Хизмати “Ёрии таъҷилӣ” дар кадом сатҳ аст?

Имрӯз дар кишварамон доир ба ислоҳ намудани сохтори ҳифзи тандурустӣ, хусусан такмилдиҳии хизмати ёрии таъҷилии тиббӣ ислоҳоти васеъ ба амал бароварда мешавад. Қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 16-уми октябри соли 2018 «Дар бораи чораву тадбирҳои такмилдиҳии хизмати ёрии таъҷилии тиббӣ дар Ҷумҳурияти Ӯзбекистон» корро дар соҳаи мазкур ба зинаи нав баровард.
Инчунин, дар асоси қарори Президентамон бо мақсади кӯмаки амалӣ расонидан барои рушди хизмати ёрии таъҷилӣ ва беҳтаргардонии базаи моддӣ-­техникии он дар шафати Вазорати ҳифзи тандурус­тӣ Хазинаи рушди ёрии таъҷилии тиббӣ ташкил гардидааст. Дар натиҷа, аксарияти муаммоҳои вобаста ба бензин, доруву дармон, ё ки автомобил бартараф карда шуданд.
Тани гарм бедард намешавад, гуфтаанд. Саломатии кас вазнин шавад, ба «Ёрии таъҷилӣ» занг мезанем. Агар ходимони ёрии таъҷилии тиббӣ дар як лаҳза расида оянд ва ёрии аввалинро расонанд, кайфият хуб, саломатӣ ҳам дуруст мешавад. Агар баръакс, хизмати онҳо беморро қонеъ накунад, сабаби норозигии беморон мегардад. Ҳолатҳое рӯй медиҳанд, ки беморон аз хизмати «Ёрии таъҷилӣ» қонеъ намегарданд ва шикоят мекунанд. Бо мақсади равшанӣ андохтан ба ин масъала ба Шӯъбаи ёрии таъҷилии тиббии рақами 1-и шаҳри Самарқанд муроҷиат намудем. Дар ин ҷо ходимони шӯъба таҳти роҳбарии мудири шӯъба, шифокор Ойбек Мӯъминов барои аҳолӣ хизмат мерасонданд.
– Мо асосан ба аҳолии байни ҳудуди Панҷоб, Мӯлиён, беморхонаи шаҳр, Сартеппа, кӯчаи Панҷакент хизмат мерасонем, – гуфт О. Мӯъминов. – Ба ғайр аз хизмати ёрии таъҷилӣ, боз дар тадбирҳои оммавӣ, мисли Фестивали «Таронаҳои Шарқ» низ хизмат менамоем. Ба беморон тамоми намудҳои ёрии нахустини таъҷилиро мерасонем ва дар ин гуна ҳолатҳо тамоми доруву дармон бепул мебошад. 
Рӯзе 5-10-тоӣ чунин хизматрасониҳо ба амал меояд ва барои ин 10 бригадаи ёрии таъҷилии мо ҳамеша ба даъватҳои ногаҳонӣ тайёр истодаанд.
Боз як масъала ин аст, ки «дар ёрии таъҷилӣ доруҳои оддӣ ҳам ёфт намешаванд» гӯён эътирозҳо дучор меоянд. Ин фаҳмиши нодуруст мебошад. Зеро барои ёрии таъҷилии тиббӣ рӯйхати аниқи доруҳое, ки ҳамроҳи шифокорон буданаш ҳатмист, тасдиқ гардидааст. Бригадаҳои ёрии таъҷилӣ бо доруҳои дар рӯйхат нишондодашуда пурра таъминанд.
– Ҳолатҳое низ зиёд ба назар мерасанд, ки шаҳрвандон вазифаи ёрии таъҷилиро намедонанд ва бо сабабҳои новобаста муроҷиат мекунанд. Дар кадом ҳолатҳо ёрии таъҷилиро ҷеғ задан лозим аст?
– Дар ҳолатҳои садамаи мошинӣ, заҳролудшавӣ аз моддаҳои кимиёвӣ, худ­овезӣ, ғарқшавӣ, сӯхтани қисми зиёди бадан, задани барқ, аз баландӣ афтидан, вайроншавии кори дил, хуруҷи он, ҷароҳатбардорӣ, хунравӣ, ногаҳон вайроншавии фаъолии ҳаракат, аллергия, дарди сар, шикам, пушт, қафаси сина, хулқу атвори номутаносиб, ҷиддан дигаршавии фишори хун, наомадани пешоб, заҳролудшавӣ аз хӯрок мо ҳатман ёрии аввалин мерасонем.
Аммо, агар ҳарорати бадан аз 38,50 баланд бошаду бо усулҳои физикӣ – пок кардани бадан бо омехтаи обии собун, ҳабдоруҳо дар давоми 2 соат паст шавад, дар ҳолати фишори хун аҳволи бемор вазнин набошад ва роҳ гашта тавонад, барои бехобии шабона, дур кардани кайфи сармаст, иҷрои муолиҷаҳои навиштаи шифокор аз қабили сӯзандоруи чакраӣ, сӯзандоруи раг ва ғайра дар ин вақт поликлиника кор кунад, онҳо бояд ба поликлиника муроҷиат намоянд.
Диспетчер мувофиқи даъват ба бригадаи ёрии таъҷилӣ, дар вақти кории хизмати амбулатория-поликлиника баъди ба рӯйхат гирифтани даъват аз 20 дақиқа дер намонда, бояд хабар диҳад. Бригада баъди қабул кардани даъват, ба он ҷо, дар дохили шаҳр дар давоми то 20 дақиқа, дар дигар нуқтаҳои аҳолинишин бошад, то 40 дақиқа бояд рафта расад.
– Баъзан ҳолатҳое мешавад, ки аҳволи бемор вазнин мегардад ва пайвандони онҳо беморро бо ёрии таъҷилӣ не, балки худ ба шӯъбаи ёрии таъҷилӣ меоранд. Дар чунин ҳолат вазифаи «Ёрии таъҷилӣ» аз чӣ иборат аст?
– Албатта, шабона, ки поликлиникаҳо корро қатъ кардаанд, мо чунин беморонро қабул карда, хизмати тиббӣ мерасонем, зеро мақсади асосии мо саломатии шаҳрвандон буда, он аз ҳама чиз болотар меистад.
Дар давоми таҷрибаи шифокории худ шоҳид гардидаам, ки ҳолатҳои бе сабабҳои қонеъкунанда муроҷиат кардани шаҳрвандон хеле зиёд рӯй медиҳанд. Боре ду нафар шаҳрвандон байни худ муноқиша кардаанд ва яке аз онҳо бо мақсади ҷавобгар кардани тарафи муқобил ба шӯъбаи мо омад, то ки барои хобида муолиҷа гирифтан рухсат диҳем. Аммо барои қабул кардани ӯ сабаб вуҷуд надошт ва баъди ёрии муқаррарии тиббӣ ӯро ба хонааш ҷавоб додем. Ин боиси норозигии шаҳрванд гардид.
Сифати хизматрасонии ходимони шӯъба ба талаботи соҳа ҷавоб медиҳад. Аз ҷумла, Сардор Юсуфов аз кӯчаи Профессионали шаҳр бо ҷароҳати маишии буридани оринҷи дасти рост муроҷиат намудааст. Ҳомидҷон Ҷабборов аз кӯчаи Лолазори шаҳр бо аллергия дар натиҷаи газидани занбӯр муроҷиат кардааст. Ба онҳо кӯмаки нахустини тиббӣ расонида шуданд.
Ба як ҷиҳати масъала бояд эътибор дод, ки «Ёрии таъҷилӣ» бо муолиҷа не, балки бо нишон додани ёрии аввалини то давраи муолиҷа машғул мегардад. Масалан, ба шаҳрванде, ки фишори хунаш баланд шудааст, муваққатан паст намудани фишори хуни ӯ ва то саршавии муолиҷа дар меъёр нигоҳ доштани он вазифаи ёрии таъҷилӣ мебошад. Аммо аз сабаби он, ки баъзе шаҳрвандон аз маданияти тиббӣ на он қадар огоҳӣ доранд, барои ҳолатҳои оддӣ низ «Ёрии таъҷилӣ»-ро ҷеғ мезананд. Дар натиҷа, ходимон ба ёрии шаҳрвандоне, ки дар ҳақиқат мӯҳтоҷи чунин ёрӣ мебошанд, дер рафта мерасанд. Фозили МУҲАММАДҶОН.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ