Саломатӣ

Нӯшидани кофе боиси бехобӣ намешавад


Олимони амрикоӣ ба чунин хулоса омаданд, ки шабона нӯшидани кофе ба хоб таъсири манфӣ надорад. Аммо онҳое, ки шароб менӯшанд, ё сигор мекашанд, бояд дар чор соати пеш аз хоби шабона ин амалашонро тарк кунанд.
Дар ин бора нашрияи “Healthline” хабар медиҳад.
Ин пажӯҳиши олимон дар маҷаллаи “Sleep” нашр шуд. Коршиносони Донишҷӯи Атлантикаи Флорида (FAU) муштаракан бо мутахассисони Донишгоҳи Эморӣ, маркази пишизкии Донишгоҳи Мисиссипи ва пажӯҳишгоҳҳои миллии тандурустӣ пажӯҳиши таъсири кофе ба хобро анҷом доданд. Дар озмоиш 785 нафар ширкат карданд.
Пажӯҳишгарон дар давоми 14 сол идомаёбии хоби онҳоро бо соатҳои дастӣ, датчикҳо ва навиштаҳои ҳаррӯзаи ширкаткунандагони озмоиш таҳқиқ карданд.
Натиҷа чунин буд, ки кофе ба сифати хоби шабонаи тақрибан 40 дарсади ширкаткунадагон, ки дар ҳангоми муддати мушоҳида ҳадди ақал 1 бор кофе нӯшиданд, таъсире надошт.
Кристин Спадола, профессори Донишгоҳи Атлантикаи Флорида таъкид кард, “Мо дар миёни нӯшидани кофе пеш аз хоб ва вайрон шудани хоб робитае наёфтем”.
Мартин Рид, як коршиноси дигар гуфт, “Ин пажӯҳиш таъкид бар он кард, ки кофеин дар воқеъият ба хоби мо таъсири камтаре аз он дорад, ки мардум фикр мекунанд. То ба ҳангоме, ки шумо пеш аз хоб сатил-сатил кофе менӯшед, таъсири ҷиддии манфии кофеин ба хоб гумон аст”. Манбаъ: regnum.ru

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ