Дар Будапешт Чемпионати ҷаҳони оид ба намуди гӯштини дзюдо баргузор мешавад

Аз 6 то 13 июни соли равон дар шаҳри Будапешти Маҷористон Чемпионати ҷаҳони оид ба намуди гӯштини дзюдо баргузор мешавад.
Тибқи муқаррароти Федератсияи ҷаҳонии дзюдо, дар ин чорабинии бузурги ҷаҳонӣ, ки охирин имконият барои варзишгарони роҳхатногирифтаи Бозиҳои Олимпии Токио-2020 мебошад, ширкати 706 дзюдочӣ аз 132 мамлакати 5 қитъаи ҷаҳон дар назар аст.
Мавриди зикр аст, ки ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ба гӯштигирон имкон медиҳад, ки хазинаи имтиёзҳои худро дар раддабандии Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF) пурра намоянд, инчунин барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио имтиёзҳои муҳим ба даст биёранд. Барои медали тилло 2000 имтиёз, барои медали нуқра 1400 имтиёз ва барои медали биринҷӣ 1000 имтиёз дода мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ