Барӯйхатгирии аҳолӣ: кай ва дар кадом шакл?

Пас аз дақиқ ва босифат ба анҷом расидани марҳилаи омодагӣ, аз моҳи ноябри соли 2023 барӯйхатгирии аҳолӣ оғоз меёбад. Бояд гуфт, ки ҷамъоварии маълумот дар бораи шахс корҳои барӯйхатгирӣ бо ду усул – дар шакли коғаз ва тавассути шабкаи интернет сурат мегирад.
Дар усули аввал, кормандоне, ки аҳолиро ба рӯйхат мегиранд, хона ба хона давр зада, пурсишнома мегузаронанд ва варақаи саволҳоро дар асоси ҷавоби шаҳрвандон пур мекунанд.
Дар варақаи барўйхатгирии аҳолӣ маълумотҳои шахси ба рўйхат гирифташаванда дар бораи ҷинс, синну сол, сана ва ҷои таваллуд, миллат, донистани дигар забонҳо, шаҳрвандӣ, ҳолати оилавӣ, шумораи фарзандон, таҳсилот, ҷои зист, фаъолияти муҳоҷиратӣ, шароити манзилӣ, манбаи воситаҳои зиндагӣ ва шуғл оварда мешаванд.
Мақоми ваколатдори давлатии омор дар даври омода кардан, гузаронидан ва ҷамъбасти натиҷаи барўйхатгирии аҳолӣ барои таъмини махфияти маълумотҳои шахсӣ вазифадор аст.
Усули дуввуми барӯйхатгирии аҳолӣ тавассути шабакаи ҷаҳонии интернет амалӣ гардида, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба респондентҳо роҳандозӣ шудааст. Дар ин ҳолат, саволномаҳо тавассути барномаи махсус аз тарафи аҳолӣ пур карда шуда, ба суроғаи электронии муқаррарӣ ирсол мегарданд.
– Маълумотҳои муштарак дар бораи ба рӯйхат гирифтани аҳолӣ аз тарафи операторҳои марказҳое, ки дар назди садоратҳои ҳудудии статистика ташкил гардидаанд, дар асоси таъминоти барномавии махсус аз 1-уми январи соли 2024 то санаи 31-уми декбар ба пойгоҳи электронӣ ворид карда мешаванд, – гуфт Қобил Бердиқулов. – Маълумотҳои нахустин дар бораи аҳолии шаҳру деҳот, аз ҷумла зан ва мардҳо дар асоси натиҷаҳои бадастовардаи кормандони масъул то санаи 1-уми марти соли 2024 эълон карда мешавад. Пойгоҳи маълумотҳои барӯйхатгирии аҳолӣ то 1-уми декабри соли 2024 таҳлил ва маълумотҳои ниҳоӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ва ҳудудҳо тартиб дода шуда, расман эълон карда мешаванд.
Дар натиҷаи аз рӯйи сохтори муайян амалӣ гардидани ин вазифаҳо маълумотҳои боваринок дар бораи аҳолии ҷумҳурӣ ва сатҳи зиндагонии онҳо ба даст меояд.
Барўйхатгирии аҳолӣ дар баробари пешкаш намудани маълумоти дақиқ дар бораи аҳолии мамлакат, бобати таҳияи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, ҳисоботи ҷорӣ, пешгўии шумора ва ҳайати аҳолӣ, гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ кор меояд.

Д.КАРАЧАЕВ, М.МӮЪМИНОВ, мутахассисони пешбари шӯъбаи статистикаи шаҳри Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ