Дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо ҳайати Ӯзбекистон вохӯрӣ баргузор шуд

Дирӯз, 2 июн дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтушуниди ҳайати марказҳои таҳлилии мамлакатамон бо роҳбарии директори Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ Анвар Насиров бо муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Манзура Рустамова доир гардид.
Ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузориро баррасӣ карданд.
Таъкид гардид, ки сатҳи баланди шарикии стратегии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба шарофати қарорҳои қабулкардаи Сарварони ду давлат — Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳамкории мутақобилан судманд ба даст омадааст.
Яке аз далелҳои барҷастаи ин афзоиши рӯзафзуни ҳаҷми тиҷорати мутақобила мебошад. Зикр гардид, ки имрӯз барои таҳкими минбаъдаи гардиши мол, татбиқи лоиҳаҳои нави муштараки ҳамгироии саноатӣ, тавсеаи ҳамкории байниминтақавӣ ва робитаҳо байни доираҳои соҳибкории ду кишвар имкониятҳои бузург мавҷуданд.
Илова бар ин, дар ҷумлаи самтҳои мубрам, аҳамияти рушди муштараки иқтисоди рақамӣ, нақлиёт ва логистика, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин кумак ба барномаҳо дар соҳаи сайёҳӣ муайян шудаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ