Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар Қатар ва Руанда ду маркази эмкунӣ таъсис дод. Сабаб…

Кумитаи байналмилалии олимпӣ ҷиҳати ҳарчи бештар эм кардани варзишгарон зидди коронавирус пеш аз сафар ба Ҷопон, дар Қатар ва Руанда ду маркази иммунизатсия таъсис дода шуд.
Котиботи Кумитаи милли олимпӣ хабар медиҳад, ки дар доираи иқдоми КБО, варзишгарон бо ваксини олмонии “Pfizer-BioNTech” эм карда мешаванд.
КБО иброз намуд, кумитаҳои миллии олимпие, ки ҷиҳати сафар ба ин марказҳо ба маблағ ниёз доранд, метавонанд ба ҳамбастагии олимпӣ дархост пешниҳод намоянд.
“Чунин имкони иловагӣ ҷиҳати иммунизатсия боис мегардад, ки Бозиҳои олимпӣ дар Токио ҳам барои иштирокчиён ва ҳам барои ҷопониҳо бехатар бошад”, — гуфтааст Ҷеймс Маклеод, директори КБО ва ҳамбастагии олимпӣ.
КБО тасдиқ кард, ки 75 дар сади онҳое, ки дар Деҳаи олимпӣ хоҳанд буд, эм карда шудаанд ва ин шумора дар рӯзҳои баргузории бозиҳо ба беш аз 80 дарсад хоҳад расид.
Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ