Дар марзи Ӯзбекистону Тоҷикистон системаи аз ҳолатҳои фавқуллода огоҳкунанда гузошта мешавад

Пешниҳод гардидааст, ки барои эҳтиёт аз офатҳои табиӣ дар марзи Ӯзбекистону Тоҷикистон системаи огоҳкунанда таъсис дода шавад.

Бино ба иттилои Kun.uz зимни баргузории як конфронс дар шаҳри Душанбе Акрамҷон Неъматов, муовини аввали директори Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди президенти Ӯзбекистон пешниҳоди ташкил намудани системаи огоҳкунанда дар марзи ин ду кишварро кард.

“Чунин тадбир ба Ӯзбекистон ва Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ҳам оқибатҳои манфии офатҳои табииро рафъ кунанд ва ҳам роҳҳои тезонидани татбиқи технологияҳои захиравӣ ва сарфаи табиатро таҳия кунанд”, гуфтааст, Акрамҷон Неъматов.

Ба шарҳи Неъматов, ҳар сол дар Осиёи Марказӣ офатҳои табиӣ тахминан 10 миллиард доллар хисорот ворид мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ