Манбаи даромад – воситаи асосии ихтисори камбағалӣ

Ҳоло дар диёрамон табақаҳои ба кӯмаки иҷтимоӣ мӯҳтоҷ ва вазъи зиндагиашон душвори аҳолӣ ба рӯйхати дафтарҳои «оҳанин», «занҳо» ва «ҷавонон» гирифта шудаанд. Давлат барои аз қашшоқӣ баровардану дигар шудани тарзи зиндагии онҳо ёрӣ медиҳад.
Барои ҳифзи иҷтимоии чунин оила, зан ва ҷавонон танҳо бо тақдими кӯмаки маънавӣ ва моддӣ маҳдуд нашуда, балки барои соҳиби манбаи доимии даромад шудани онҳо низ эътибор медиҳанд.
1-уми январи соли 2021 дар вилоятамон 16246 оила (6133 нафар аъзои ин оилаҳо коршоям мебошанд) дар рӯӣхати «Дафтари оҳанин» буданд. Бо таъмини шуғл ва соҳиби манбаи даромади доимӣ кардани 9414 оила ва қарори шӯроҳои маҳаллӣ онҳоро аз рӯӣхати оилаҳои камбағал бароварданд ва 1-уми июн дар рӯӣхати «Дафтари оҳанин» 6896 оила монд. Ҳоло дар ҳоли ба эътибор гирифтани хоҳиш ва талаби аъзои коршоями ин оилаҳо чораҳои таъмини шуғл ва ба тадбиркорӣ ҷалб кардани онҳо дида мешаванд.
Аз ҷумла, рӯзи 2-юми июни соли равон дар ноҳияи Пахтачӣ барои ба роҳ мондани фаъолияти тадбиркориву шуғли худро таъмин кардани 207 нафар шаҳрвандон дар асоси шартномаи иҷтимоӣ ба онҳо 12 навъ асбобу ускунаҳои арзиши умумиашон 448 миллион сӯмина доданд.
Дар тадбире, ки ба ҳамин муносибат гузаронда шуд, ҳокими вилоят Э. Турдимов, сардори Садорати вилоятии Хизмати бехатарии давлатӣ (ХБД) ва роҳбарони секторҳо иштирок карданд.
– Имрӯз дар диёрамон ба масъалаи ихтисори камбизоатӣ, ба соҳибкорӣ ва касбу ҳунар омӯзондани аъзои коршоями оилаҳо, таъмини шуғли онҳо чун як самти сиёсати давлатӣ эътибор нигаронида мешавад, – гуфт Э. Турдимов. – Ин масъала ба зиммаи вазорати калоне гузошта шудааст ва асоси фаъолияти онро ҳамин масъала ташкил мекунад. Шумо аз корҳое, ки дар вилоятамон, аз ҷумла дар ноҳияи Пахтачӣ иҷро карда мешаванд, хуб хабар доред. Мақсади мо ёрирасонӣ ба одамон, тағйир додани ҳаёти онҳо ва баланд бардоштани сатҳи зиндагиашон аст. Яъне, фароҳам овардани имконият барои кор карда даромад гирифтани аъзои оилаҳое, ки ба рӯйхати ин дафтар дохил карда шудаанд.
Сокини маҳаллаи Сарой Ш. Абдусаломов аз бекорӣ азият мекашид. Ба вай мотокултиватор доданд.
Дар ноҳияи Нарпай низ ба 319 нафар шаҳрванд, ки ба рӯйхати яке аз ин се дафтар дохил карда шудаанд, 823 миллион сӯмина асбобу ускунаҳо доданд. Аз ҷумда, ба 140 нафар занҳо мошини дарздӯзӣ, ба 37 кас мотокултиватор, ба 82 оила печи ширинипазӣ, ба 36 нафар ҷавон асбоби кафшергарӣ ва ба 18 нафар ҷавон асбобҳои дуредгарӣ супурданд. Инчунин, 6 нафар шахси бекор бо кредити имтиёзнок мотороллер гирифтанд.
– Дар маҳаллаамон ва ҳудудҳои шафати он ҷойҳое, ки масолеҳи бинокорӣ мефурӯшанд, кам нес­танд, – гуфт М. Худоёров. – Барои кашондани чунин масолеҳ эҳтиёҷ ба техника калон аст. Бинобар ин вақте имконияти аз рӯйхати дафтари «оҳанин» баровардани оилаамонро мекофтем, хоҳиш кардам, ки мотороллер гирифта диҳанд ва имрӯз бар асоси кредити имтиёзнок соҳиби нақлиёт шудам
Ҳангоми супурдани асбобу ускунаҳо сенатор Ф. Тошев, фермерони соҳибтаҷриба Н. Қурбонова ва З. Ҳайдарова баромад ва боварӣ изҳор карданд, ки одамон аз ин асбобу ускуна истифода бурда, рӯзгорашонро обод ва ҳаёташонро фаровон мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ