ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН БО РАИСИ СЕНАТИ ҚАЗОҚИСТОН САМТҲОИ ВАСЕЪ НАМУДАНИ ҲАМКОРИИ БАЙНИПОРЛУМОНИРО МУҲОКИМА НАМУД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 4 июн раиси Сенати парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаевро қабул кард, ки бо ташрифи расмӣ аз мамлакатамон боздид менамояд.
Роҳбари давлат бо қаноатмандӣ дараҷаи имрӯзаи баланди муносибати дӯстона, некҳамсоягӣ ва шарикии стратегии Ӯзбекистону Қазоқистонро таъкид кард, ки ба шарофати алоқаҳои мунтазам ва босамар дар дараҷаи олӣ ба даст омадаанд.
Дар навбати худ раиси Сенат Маулен Ашимбаев ба пешвои Ӯзбекистон барои пазироии гарм изҳори миннатдории самимӣ намуд ва паём ва беҳтарин таманноҳои Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаевро расонд.
Зимни суҳбат масъалаҳои рушди минбаъда ва амиқсозии ҳамкории гуногунҷанбаи байни мамлакатҳоямон баррасӣ гардиданд.
Таъкид шуд, ки бо мақсади якҷоя бартараф намудани оқибатҳои пандемия дар дараҷаҳои ҳукуматҳо, минтақаҳо ва тиҷорат табодули фаъол идома дорад. Аз аввали соли ҷорӣ табодули амволи тарафайн 40 фоиз зиёд гардид. Барои татбиқи лоиҳаҳои бузурги ҳамкорӣ дар мошнсозӣ, саноати бофандагӣ, соҳаҳои нақлиёт, ҷаҳонгардӣ ва дигар ҷанбаҳои иқтисодиёт омодагӣ давом дорад. Барномаҳо дар соҳаи маданиву гуманитарӣ барқарор гаштаанд.
Аҳамияти иштироки фаъоли парлумонҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар ташаккули рӯзномаи истиқболноки ҳамкории дуҷониба, пешбурди ташаббусҳо ва лоиҳаҳои мушаххаси нав бо ҷалби васеи минтақаҳои маъмурӣ ва доираҳои соҳибкорон ва инчунин пурзӯр намудани ҳамдастӣ ва ҳамоҳангсозӣ доир ба масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналхалқӣ махсус таъкид гардид.
ӮзА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ