Панҷ маслиҳатБа пойдории саломатии беморони дил академик Юрий Бузиашвили – ҷонишини директори Маркази миллии тадқиқотии ҷарроҳии рагу дили ба номи Бакулеви Россия чунин маслиҳат медиҳад:.

  1. Меъёри тиллоии миёнаро нигоҳ доред. Ин ҳам дар хӯрокхӯрӣ, ҳам дар меҳнати ҷисмонӣ, ҳам дар кор ва ғайра дахлдор аст.
  2. Хӯрокиҳои бомаза ва хархеларо истеъмол кунед. Бар зидди хоҳиши худ нарафта, чизе, ки маъқул аст, бихӯред. Шумо организми худро аз духтур хубтар медонед. Дар рӯзҳои махсус паси дастурхони оростаи идона нишастан мумкин аст. Дар рӯзҳои дигар чизҳои форам ва фоиданок – сабзавот, меваҷот ва маҳсулоти шириро бояд истеъмол кард. Намак аз ҳама кам бошад. Ин роҳи оддии дар як меъёр нигоҳ доштани фишори хун аст.
  3. Аз хоб сер шавед. Барои кори хуби дил 7–8 соати хоби шабона зарур аст.
  4. Бо варзиш машғул шавед. Вале бо завқу шавқ. Машқи барзиёди зӯракӣ ҳаргиз натиҷаи хуб намедиҳад.
  5. Ба худ гӯш андозед. Сабаби ба духтур муроҷиат кардан на вақти бад шудани аҳвол, балки ҳар гуна дигаргунии худҳискунӣ гардад.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ