Ҷаҳон

Иттиҳоди Аврупо намехоҳад таҳримҳои зидди Венесуэлаи ИМА-ро пуштибонӣ кунад

Иттиҳоди Аврупо намехоҳад, ки таҳримҳои якҷонибаи ИМА зидди Венесуэларо пуштибонӣ кунад. Дар ин бора Карлос Руис де Гордехуэла, намояндаи расмии комиссияи Аврупо хабар дод.Ӯ гуфт, “Мавқеи мо дар бораи таҳримҳои ИМА дақиқ аст. Мо аз рӯи одат ба ин тавзеҳ намедиҳем, вале мо ба чунин чораҳои фаромарзӣ ҳамеша зид ҳастем”.Ба гуфтаи Гордехуэла, бо таваҷҷӯҳ ба вазъият феҳристи сиёҳи Венесуэларо калонтар ё хурдтар мекунад, вале ягон таҳримеро, ки зиндагии мардумро вазнинтар хоҳад кард, ҷорӣ нахоҳад кард.Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА рӯзи душанбе мулкҳои ҳукумати Венесуэла дар Амрикоро комилан блок кард.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ