Песков: Русия кай эмугузаронии хориҷиёнро сар мекунад?

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков ба РИА Новости гуфт, ки эмкунии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия алайҳи коронавирус метавонад дар ояндаи наздик оғоз шавад.

Қаблан Владимир Путин дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи байналмилалии сармоягузорӣ ва ширкатҳои хориҷии истеҳсолкунандаи ваксини Sputnik V гуфта буд, ки Русия барои эмгузаронии пулакии хориҷиён шароит фароҳам хоҳад овард.

Вай ба ҳукумат супориш дод, ки ин масъаларо то охири моҳ кор карда барояд.

Тавре ки роҳбари Вазорати тандурустӣ Михаил Мурашко қайд кард, ин идея асосан ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар Федератсияи Россия кор мекунанд, дахл дорад.

Ҳоло дар Русия се ваксинаи ду компонентӣ — «Спутник V», «ЭпиВакКорона» и «КовиВак»
дастрасанд. Ғайр аз он, «Спутник Лайт» ҷузъи якуми «Спутник V» низ сабти ном шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ