Дипломатҳои тоҷик барои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ба Ӯзбекистон меоянд

Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ахиран дар шаҳри Душанбе мулоқотҳои Муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ бо ҳайати Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Мудири Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ӯзбекистон Анвар Носиров, баргузор гардиданд.

Бояд гуфт, ки ҳайати Ӯзбекистон барои ширкат дар Конфронси муштараки илмӣ-амалӣ “Нуқтаҳои нави рушди тавсеа ва таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон” вориди Душанбе шудааст.

Манбаъ таъкид доштааст, ки дар рафти мулоқотҳо аҳамияти баргузории чорабиниҳо дар чаҳорчӯби омодагӣ ба сафари расмии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ба вежа Конфронси зикргардида, ки барои таҳкими равобити ҷомеаи коршиносони ду кишвар ва ҷустуҷӯи нуқтаҳои нави рушди тавсеа ва ҳамкории босамар саҳмгузор хоҳад буд, таъкид гардид.

“Дар поён Созишномаи ҳамкорӣ байни ниҳодҳои зикршуда ба имзо расид”, — таъкид доштааст манбаъ.

Қайд гардидааст, ки мулоқотҳо дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардиданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ